Дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич ба ифтихори санаҳои фархундаву миллӣ, аз ҷумла ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону таҷдид ва бунёди иншооти гуногун авҷи тоза гирифта, сокинон дастаҷамъона дар корҳои ободонӣ саҳми арзанда мегузоранд.
22 март Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Яхтан ба сохтмони муассисаи томактабӣ санги асос гузоштанд.
Бинои нав бо дастгирии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва сокинону соҳибкорони маҳалӣ бунёд карда мешавад. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот Раиси ноҳия ҷиҳати анҷом босифати корҳо ва бунёди бинои дуошёна барои 200 нафар тарбиятгирандагон тавсияҳо дод.
Ҳоло дар ноҳия 8 кӯдакистон фаъолият дошта, 1430 нафар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
Раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода дар суҳбат бо сокинони деҳа зикршуда иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин бунёд кардани як муассисаи томактабӣ вазифагузорӣ карда шудааст ва барои иҷрои ин супориш аз тамоми имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд.
Бунёди кӯдакистонҳои нав бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинону соҳибкорони ватандӯст амалӣ карда мешавад.
Шарҳ нест