Дар ноҳияи Деваштич 5400 гектар картошка кишт карда шудааст

08.07.2020

print
Кишоварзони ноҳияи Деваштич соли равон дар 5400 гектар картошка кишт намуда, тасмим доранд, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Тавре маълум аст картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими ноҳияи Деваштич маҳсуб меёбад. Аксари хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ба парвариши ин намуди зироат машғуланд ва зиндагии худро аз ҳисоби картошкапарварӣ пеш мебаранд. Яке аз чунин хоҷагиҳои кишоварзӣ хоҷагии деҳқонии “Рӯзибой” аст, ки 20 гектар заминро дар ихтиёр дорад ва дар 10 гектари он тухмиҳои хушсифати картошка кишт кардааст.

Чуноне аснои боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии мазкур иттилоъ дода шуд, аъзои хоҷагӣ ҳамасола даҳҳо тонна картошка истеҳсол намуда, онро ба бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ ба фурӯш мебароранд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти деҳқонон баҳои баланд дода, иброз дошт, ки бояд ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода гардад. Заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, аз ин ҳисоб ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол ба сол афзун гардад. Дар ин раванд таҷрибаи кишоварзони ноҳия калон буда, хоҷагиҳои деҳқонӣ бо кофтани чоҳҳои амудӣ заминҳоро шодоб ва ҳосили дилхоҳ ба даст меоваранд.

Танҳо дар якуним соли охир дар деҳоти ноҳия беш аз 100 чоҳи амудӣ кофта шуда, ҳолати мелиоративии садҳо гектар замин беҳтар карда шудааст.

Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани ҳолати обёрии заминҳо ва кишти тухмиҳои серҳосил дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code