ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

06.11.2024
print

Ҳамасола 6 ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, ки  имсол мо дар фазои озодиву истиқлоли Ватани маҳбубуамон 30-юмин солгарди ин хуҷҷати муҳими ҳуқуқиро истиқбол мегирем.

Ба ҳамин муносибат 5 ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳангии Абӯабдуллоҳи Рӯдакии  маркази ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовинони Раиси ноҳия,  Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Раисони ҷамоатҳо шаҳраку деҳот ноҳия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ мамлакат,  собиқадорон меҳнат, фаъолон  ва ҷавонони ноҳия ҷамъомади  тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавӣ  ба толор ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Нахуст Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода кулли иштирокчиёни ҷамъомадро бо муносибати ҷашни 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо баракату осудагӣ ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ ва пешрафту ободиро орзу намуданд.

Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода зимни суханронӣ иброз дошт,  ки дар таърихи ҳар як халқу миллат санаҳое ҳастанд, ки онҳо нотакрор, тақдирсоз ва хотирмон ба ҳисоб мераванд.  Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мо ҳамчун таърихи шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар аҳамияти хосаро доро мебошад.

Таъкид карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қабули он тавассути кўшишҳои собитқадамонаву ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айни ташаннуҷи авзои ҷомеаи байналхалқӣ ва вазъияти душвори оғози соҳибистиқлолӣ 6 ноябри соли 1994 сурат гирифт, қабл аз ҳама, тамомияти арзӣ, тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлати тозабунёди тоҷиконро дар масири ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, иҷтимову низоми демократӣ муаррифӣ намуд. Санади мазкур аз лиҳози мазмуну муҳтаво фарогири кулли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, амнияту суботи ҷомеа вашаҳодати давлату давлатдории мардуми кўҳанбунёди тоҷик ва меъёрҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ буда, ҳамчун таҷассумгари имрўз, дурнамо ва паёмадҳои фардои миллат, баёнгари орзуву омол ва ормонҳои халқи тоҷик дар масири эъмори Тоҷикистони озоду обод ва пешрафтаву мутараққӣ дар радифи мамлакатҳои дар роҳи рушд қарор дошта, мавриди эътирофи ҷаҳониён гардид.

-Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол Конститутсияи навро таҳия ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд ва худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуд. Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст дар моддаи аввали Қонуни асосии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буданаш қайд гардидааст. Афзалтар аз ҳама мафҳуми дунявӣ будан барои таҳкими робитаҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди минбаъдаи ҷанбаҳои сиёсӣ, иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роҳи васеро боз намуд, -қайд намуданд Раиси ноҳия.

Рушди устувор ва босуботи ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти раванди дастрасӣ ба ҳадафҳои стратегии миллат боис гардид, ки  мушаххасан, солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳатитаҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мукаммал гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳои  зарурӣ ворид карда шуданд.

Инчунин дар ҷамъомади тантанавӣ муовини  Раиси вилоят Зайнура Азимӣ Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расониданд.

Муовини Раиси вилоят зимни суханронии худ қайд намуд, ки бо ҷаҳду талош ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун кафили Конститутсия ва сиёсати ба он асосёфтаи давлату Ҳукумати мамлакат, ҷумҳурии тозаистиқлоли мо аз вартаи заволу нобудӣ берун омад, тоҷикон сарҷамъ гаштанд ва дар саросари Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор гардид.

Маҳз тавассути амалӣ шудани талаботи Конститутсия дар мамлакат раванди амалии ислоҳоти иқтисодӣ тақвият ёфт ва ҷомеа ба суботи сиёсӣ расид.

-Дар ватани маҳбубамон – Тоҷикистони азиз барои тавсеаи ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ шароитҳо мувофиқу созгор буда, марҳалаи тозаи пайкорҳои наҷиб, офарандагиву бунёдкорӣ, эҳёи ҳақиқии тамаддуни миллӣ бо рўҳияи баланди ватандорӣ идома доранд. Дар ин раванд мардуми мамлакат, аз ҷумла сокинони вилоят ба дастовардҳои бузург ноил шуда истодаанд, -иброз дошт Зайнура Азимӣ.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва фаъолони ноҳия Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич тақдим гардид.

Барномаи ҷолиби аҳли санъату фарҳанги ноҳия, ки фарогири мавзуъҳои ватандӯстиву сулҳпарварӣ буд, ба ҷамъомади идона шукуҳи тоза бахшид.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code