16 ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намондаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинов, муовинони Раиси ноҳия, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, фаъолону ҷавонон бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Деваштич зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад сокинони ноҳияро ба ин ҷашни ҳумоюнӣ ва ормонии миллати тоҷик табрик намуд. Қайд карда шуд, ки Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва санаи муҳими тақвими ҷашну маросимҳои миллӣ эътироф гардида, нишони арҷгузориву эҳтиром ба заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири таҳкими пояҳои давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини истиқрори сулҳ, пешравиҳои назарраси мамлакат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих бо сидқу сарбаландӣ ва тамоми вуҷуди хеш ба ҷой оварда истодаанд
.
-Таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мўҳлати кўтоҳтарин мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта, ҷанбаҳои шаклӣ, сохторӣ, мазмунӣ ва арзишии он дар сатҳи муосиртарин ба вуҷуд оварда шуданд. Дар давоми 33 соли Истиқлолияти давлатӣ шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум сол аз сол беҳтар гардида, сиёсати иқтисодӣ тамоюлҳои мусбатро фароҳам оварда истодааст,- иброз дошт, Раиси ноҳия.
Сипас, намондаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинов паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, кулли мардуми меҳнатқарини ноҳияро табрик гуфта, аз талошҳои доимии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардуми тоҷик ёдоварӣ кард.
Бояд қайд намуд, ки имрўз боиси сарбаландии мост, ки ҷаҳониён Тоҷикистони азизи моро чун кишвари соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг, дорои таърихи куҳан, миллати тоҷикро чун миллати эҷодкору созанда тавассути ташаббусҳо ва хизматҳои беназири Пешвои миллат мешиносанд ва ба мақому нуфузи Тоҷикистон дар раванди созандагӣ ва пешрафти ҷаҳони муосир арҷ мегузоранд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ кишвари соҳибистиқлоламон ба комёбиҳои аз ин ҳам бештар ноил гардида, сокинон дар рўҳияи баланди худшиносиву ватанхоҳӣ ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.
Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд, ки ба ҷамъомади шукуҳи хоса бахшид.
Шарҳ нест