12 декабри соли 2024 бо садо додани Суруди миллӣ таҳти раёсати Раиси ноҳияи Деваштич, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосияи мазкур муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои хифзи ҳуқуқ, мудирони шӯъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Деваштич, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар оғоз иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 рӯзи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад. Бо назардошти ин, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” тадбирҳои мушаххас андешад. Дар ин бора қарори Раиси ноҳия ба тавсиб расидааст ва он ироа карда шуд.
Вобаста ба ин, бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати ҳафтум иборат аз 9 нафар таъсис ёфта, барои гузаронидани интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 40 ҳавзаи ҳудудии интихобот ташкил карда шуд.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар охири иҷлосия ба масъулин ҷиҳати омодагӣ дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи сиёсӣ тибқи талаботи Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дастуру супришҳо дод.
Шарҳ нест