ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА РАФТИ ОМОДАГИҲО БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН БАРГУЗОР ГАРДИД

05.03.2025
print
4 март дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва комиссари ҳарбии вилояти Суғд, генерал-майор Умед Солеҳзода ҷаласаи комиссияи вилоятӣ оид ба рафти омодагиҳо ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи комиссияи вилоятӣ муовинони Раиси ноҳия, муовини сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, аъзоёни комиссияи тиббии ноҳиявӣ, раисон ва нозирони мизҳоли ҳарбии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шахсоне, ки аъзои комиссияи даъват мебошанд иштирок доштанд.
Ҷаласаро Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ мебошад, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҳамасола дар мавсими даъвати ҷавонон барои адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синну соли даъватӣ барои адои хизмат тадбирҳои муайян амалӣ карда мешаванд.
Дар идома, оид ба рафти иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши комиссари ноҳия, полковник Фирдавс Шарифзода шунида шуданд.
Зимни муҳокимаи масъала аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси комиссияи даъвати вилоятӣ Ҷамшед Ҷуразода ва Комиссари ҳарбии вилояти Суғд, генерал-майор Умед Солеҳзода аз роҳбарияти комиссариати ҳарбӣ, ҳайати комиссияи тиббӣ, раисон ва нозирони мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пурсиш ба амал оварда шуда, дар назди масъулини ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷуразода таъкид намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба даъвати баҳорӣ ҳамаи масъулинро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи шаҳр барои саривақт ва босифат иҷро кардани нақшаи даъвати наваскарон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар охири ҷаласаи комиссияи вилоятӣ оид ба рафти омодагиҳо ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд ба масъулини комиссариати ҳарбии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нозирони мизи ҳарбии ҷамоатҳо ва фаъолон барои дар маҳал ҷоннок намудани корҳо, баҳри иҷрои сифатнок ва саривақтии нақшаи даъвати баҳорона дастуру супоришҳо доданд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code