Бегоҳии рӯзи 5 ноябр дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси комиссияи даъвати вилоятӣ Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, намояндагони соҳаи тандурустӣ, маориф, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар шахсони масъул маҷлиси васеи Ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Ҷаласаро Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки мавсими даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз чорабиниҳои муҳими сиёсию ташкилӣ маҳсуб ёфта, барои саривақт иҷро кардани нақшаи пешбинишуда, ҷалби ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани онҳо аз ҳар яки дар толор ҳузурдоштагон вобастагӣ дорад.
Дар идома, барои таҳлили иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ гузориши комиссари ноҳия, подполковник Фирдавс Шарифзода шунида шуданд.
Зимни муҳокимаи масъала аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси комиссияи даъвати вилоятӣ Ҷамшед Ҷуразода аз роҳбарияти комиссариати ҳарбӣ, ҳайати комиссияи тиббӣ, раисон ва масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла пурсиш ба амал оварда шуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷуразода таъкид намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода оид ба даъвати тирамоҳӣ ҳамаи масъулинро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи ноҳия барои саривақт ва босифат иҷро кардани нақшаи даъвати наваскарон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҷаласаро Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки масъулин саъю кушиши худро баҳри иҷрои нақшаи гузошташуда равона месозанд.














Шарҳ нест