ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ КИШТИ ТИРАМОҲӢ БОМАРОМ ИДОМА ДОРАД…

22.10.2024
print

Имрӯзҳо дар саросари мамлакат бо истифода аз боду ҳавои мусоид шудгору кишти тирамоҳӣ бо маром идома дошта, деҳқонон ният доранд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат шудгору киштро ба сомон расонанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Девашитич низ барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва танзими нархҳо дар бозорҳои истеъмолӣ кишти тирамоҳӣ бомаром идома дорад.
Имрӯз, 22 октябри соли равон Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода аз рафти кишти тирамоҳӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан боздид ба амал овард. Зимни боздид ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки тибқи маъмумотҳои фаврӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан 2300 га кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст.
Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати кишоварзии ноҳия оид ба рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба санаи 22.10.2024 8314га кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, кишти тирамоҳӣ дар дигар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бомаром идома дорад.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code