2-юми апрели соли равон дар майдони “Муҷассамаи Деваштич”-и шаҳраки Ғончӣ маросими ботантанаи гусели навдаъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими гусели наваскарон Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо наваскарони ихтиёрӣ ва волидайни онҳо ширкат варзиданд.
Сараввал Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода навдаъватшудагони ихтиёриро ба муносибати дохил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, қайд намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад.
Таъкид гардид, ки ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.
-Мову шумо хуб медонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллат ва бақои давлат аст. Тақдири амнияти Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дасти шумо, фарзандони азиз, ки пас аз қабули савганди ҳарбӣ ин масъулияти азимро бар дӯш мегиред, вогузор мешавад.
Бояд қайд намуд, ки баргузории ин тантана ба хотири хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф оростани ҷавонон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беҳтар шудани шароит дар қисмҳои ҳарбӣ ва такмили малакаи касбии афсарони тоҷик водор кардааст, ихтиёран ба хизмат раведу собит намоед, ки ҷавонони ноҳияи мо дар ҳама ҳолат омодаанд ҳомии хоки поки сарзамини аҷдодии худ бошанд,- қайд намуд Раиси ноҳия.
Дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ дар ноҳия Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ нақшаи даъватро пурра иҷро намуда, Ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Яхтан ва Муҷун дар ҳоли иҷроиш қарор дорад.
Инчунин дар чорабинии тантанавӣ ба Раиси Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ Фирӯз Муҳаммадиев сипоснома ва “Вимпели беҳтарин Ҷамоат оид ба иҷрои даъвати ҳарбӣ”, ва раисони шӯрои маҳаллаҳои деҳаҳо Ғазантарак, Гулобод, Лолазор ва Истиқлол барои саҳми арзанда ҷиҳати сафарбарии саривақтии ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тӯҳфазои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон ба 26-нафар наваскарон шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “В” аз тарафи ТҶ “Мададгори мудофиа”-и ноҳия супорида шуданд.
Баъдан чун анъана маросими нонгазонӣ баргузор гардида, модарон бо нияти нек ба фарзандонашон хизмати содиқонаро таманно намуданд.
Дар қисми фарҳангии маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангиро бо сурудҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён намуданд.
Шарҳ нест