Дар ноҳияи Деваштич сидоти сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт

28.05.2020
print

Дар машварати кори Раиси ноҳияи Деваштич, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо , сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои комуналӣ иштирок намуданд.

Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгири ва беҳтар кардани вазъи эпидемиологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид карда шуд, ки саломатии ҳар як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати роҳбари давлат қарор дошта барои пешгирии паҳншавии беморӣ ва муолиҷаи саривақтии сокинон тамоми тадбирҳои зарури саривақт андешида шуда истодаанд. Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар ноҳияи Деваштич табибони оилавӣ барои пешгирии сироятёбии беморон омода карда шудаанд.

Ҳамчунин дар беморхонаи марказӣ ва ҷамоатҳо катҳои муолиҷавӣ дар ҳолати зарури омода карда шудаанд. Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ захираи се моҳа карда шавад. Ҳамчунин ба раисони ҷамаотҳо ва фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро пурзӯр намоянд ва гаштугузо, баромадан аз хона, бе ниқоби муҳофизати манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ гигиени боиси паҳншавии беморӣ мегардад. Эҳтиёткор бошанд худ ва наздиконашонро назорат кунанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба пурзӯр кардани корҳои безараргардони ва саривақт бартараф кардани манбаъҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ таваҷҷӯҳи махсус дода ба масулин дастур дод, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Дар машварати корт масъалаҳои кишоварзӣ, саривақт гузаронидани кишти баҳории сабзавоту полезӣ, картошка диққати махсус дода шавад. Зеро ноҳияи Деваштич яке аз ноҳияҳои асосии картошкапарвар ба ҳисоб рафта саҳми он барои таъмини аҳолии бо чунин навъи маҳсулоти кишоварзӣ картошка назаррас мебошад.

Ҳамчунин дар машварат ба таъминоти оби полезӣ, самаранок истифодабарри замин диққати махсус дода шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд


Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code