Тақсими туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд оғоз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд, тақсими ин туҳфаи маънавии беназир 27 ноябр аз ҷониби гурӯҳи корӣ оғоз ёфт. Зимнан, ин туҳфаи бебаҳо ба 37 ҳазору 609 хонадони ноҳия тақдим мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми наҷиб ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст. Ҳадафи он, пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстию ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад.
Шоҳасар дар ду ҷилд ва бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха нашр шудааст.


Шарҳ нест