Дави наврӯзӣ.

20.03.2019

print
Бо мақсади иҷрои дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазоворона таҷлил намудани ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ» дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар ноҳия баргузор гардид. Маврид ба ёдоварист, ки баҳри оммавӣ гардонидани варзиш ва солимии ҷомеа дар мадди аввали назари Сарвари мамлакат қарор дорад.

Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ бо сухани ифтитоҳии иҷрокунандаи  вазифаи раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон оғоз гардид. Аз ҷулма, раиси ноия ҳамагонро бо ҷашни Нарӯзи байналмилалии дар пешистода табрику муборакбод намуд. Дар дави наврӯзӣ ҳамаи ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ширкат варзиданд, ки зиёда аз 2000 нафарро дарбар мегирифт.

Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич қадршиносӣ гардиданд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code