Албатта ин вазифаро дар назди ӯ саркардаи террористони наҳзатӣ ва хоҷаҳои хориҷиаш гузоштаанд. Амали мазкури нангинро ин палиди касиф бар ивази чанд пули ҳароме анҷом медиҳад, ки чунин тарзи рафтор хоси оқипадарон аст.
Танҳо дар ду рӯзи охир М.Садриддини хоин чанд сохтори муҳими кишвар, аз ҷумла мақомоти амният ва прокуратураро мавриди туҳмату таҳқир ва бадномсозӣ қарор додааст. Ин дар ҳолест, ки сохторҳои қудратӣ ва хусусан мақомоти амнияти Тоҷикистон дар 30 соли охир бо фаъолияти бошарафонаи худ амният, якпорчагӣ ва соҳибистиқлолии кишварро ҳифз кардаанд. Оромию субот ва пешрафти имрӯзаи кишвар маҳз натиҷаи хизматҳои ҳазорон кормандон, сарбозону афсарони мақомоти амният ва сохторҳои дигари қудратии Тоҷикистон аст. Садҳо кормандони ин ниҳодҳо ҷони худро барои ҳифзи Ватану миллат фидо кардаанд.
Аммо барои М.Садриддини қаллоб дигар Ватану миллат ягон арзише надорад. Барои вай танҳо манфиаташ муҳим аст. Бо ҳар роҳе бояд пулу мол ба даст орад. Барои фоидаи моддӣ ҳама чиро, балки худашро ҳам савдо мезанад.
Дар асл, аз байни ҳамаи наҳзатиҳои ҷинояткор, ки имрӯз аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои аврупоӣ бо сад намуд гадоию ҳақирӣ сукунат доранд, ифротитарину мутаассибтаринашон Муҳаиммадиқболи Садриддин аст, ки имрӯз қаллобиаш низ ошкор гардидааст. Тамоми маводи таҳия ва дар сомонаҳои интерентӣ нашркардаи ин палиди касиф аз туҳмату таҳқир иборатанд. Вай аслан ягон андешаи дурусти инсонӣ надорад. Тарзи андешаронӣ, баёни афкораш аз мубаллиғони ДИИШ тафовут надорад, балки аз онҳо ҳам бадтар аст. Саволе ба миён меояд, ки чаро М.Садриддин чунин андеша ва тарзи рафтор дорад? Кадом омил ё сабабе боис шудааст, ки то ин дараҷаи боварнокарданӣ як нафар ифротию мутаассиб бошад ва душмани Ватану миллати худ гардад?
Маълум аст, ки тарзи ҳаёти ҳар як инсон дар давраи хурдсолию навҷавониаш ба ташаккул ёфтани шахсият ва ҷаҳонбинии минбаъдаи ӯ таъсири амиқ мерасонад ва нақши муҳим мебозад. Албатта М.Садриддин ҳам истисно нест ва хислатҳои манфии вай, аз ҷумла ниҳоят хашмгинӣ, ифротгароӣ, дар ҳама душман ҷустан, нотавонбинӣ, бадхоҳиаш ба миллату кишвар ба давраи бачагиаш марбутанд. Яъне тарзи тафаккури ҷинояткорона ва мисли манякҳо будани вай натиҷаи он садамаҳоест, ки дар хурди ба рӯҳу равони ӯ таъсир гузоштааст. Албатта ба он нафарон, ки хонаводаи М. Садриддин ва худи уро аз наздик мешинохтанд, ин чиз хуб маълум аст.
Гап сари он аст, ки падари Муҳаммадиқбол – Садриддини Қаландар дар маҳаллаи зисташон бо лақаби «гусолаг…» шинохта шуда буд ва дар борааш чунин нақле ҳам буд, ки гуё дар ҷавониаш нисбат ба гусолае мисли зоофилҳо рафтори дорои хусусияти шаҳвонӣ карда, ҳатто ба ҷавобгарӣ кашида шуда будааст. Аз ин сабаб дар хурдиаш М.Садриддин предмети мазоқи ҳамсолонаш буд. Бачаҳои ҳамсоя ва ҳамсинфонаш уро «писари гусолаг…» гуфта масхара мекарданд.
Ҳамаи ин кам буд, ки дар давраи наврасиаш падараш ҳамроҳи чанд нафар муллоҳои иртиҷоии дигар як созмони махфии экстремистӣ ташкил додаанд, ки баъдтар он ба ташкилоти террористӣ табдил ёфт. Аввалин ҷаласаҳои пинҳонии ин гурӯҳи табоҳкор маҳз дар хонаи онҳо доир мегардид ва М.Садриддин якбора зери таъсири сахти ин гурӯҳи ифротӣ монд. Вай ба ҷойи он ки мисли дигар ҳамсолонаш дарс хонад, ба варзиш машғул бошад, бозӣ кунад ва шахсияташ ба таври маъмулӣ инкишоф ёбад, ҳар рӯз ақидаҳои ифротгароёна ва зиддимардумии падараш ва ҳамроҳони уро мешунид. Ҳамин тавр, дар мафкураи М.Садриддини навҷавон ифротгароӣ, хурофот, инсонбадбинӣ, душманӣ варзидан ба давлату миллат ҷой гирифт.
Зарбаи сахти дигаре ки ба руҳияи М.Садриддини бадбахт таъсири сахт доштааст, ба замони дар Афғонистон қарор доштани ӯ рабт дорад. Соли 1992 хонаводаи онҳо бо сабаби дар саршавии ҷанги дохилӣ даст доштани падараш ба Афғонистон фирор карда буданд. Дар он ҷо падараш ба сифати яке аз раҳбарони собиқ ТТЭ ҲНИ бо раҳбарият ва ҷангиёни созмонҳои дигари террористӣ робита ва рафту омад дошт ва М.Садриддини навҷавонро ҳам мунтазам бо худ ба назди онҳо мебурд… М.Садриддин, ки барои он террористон хеле ҷолиб буд ва мавриди истифодаашон қарор мегирифт, аз тарафи онҳо «кабутари сафед» номгузорӣ шуда буд. Ин алам то ҳануз дар дили М.Садриддин мондааст ва аз ҳамин сабаб ба маросими ҷанозаи падараш, ки дар Варшава доир шуда буд, нарафт ва иштирок накард. Агар мехост аз Фаронса бе ягон мушкилӣ ба Лаҳисон мерафт.
Маҳз ҳамон давраи ҳаёти навҷавониаш дар Афғонистон, яъне аз ҷиҳати равонӣ зарбаи сахт хурданаш дар ташаккул ёфтани шахсияти М.Садриддин нақши асосӣ дорад. Аз ҳамин сабаб вай имрӯз мисли як маняк рафтор мекунад, пешрафту комёбиҳои дигаронро дида наметавонад, ҳамеша бадбахтии одамонро мехоҳад ва бадхоҳи Ватану миллати худ аст.
Солҳои баъдӣ М.Садриддин дар хизмати доираҳои ифротии мазҳабии хориҷӣ қарор гирифт ва бар ивази пули онҳо дар ҳамоҳангӣ бо наҳзатиҳои дигар бар зидди манфиатҳои Ватани худ фаъолиятро шуруъ кард. Имрӯз бо навиштаҳои беасосу дуруғ ва туҳматҳояш талаботи хоҷагонашро қонеъ мекунад ва худро ба намоиш мегузорад. Ин тарзи рафтор ба одати ӯ табдил ёфтааст. Вай дигар хел рафтор карда наметавонад, зеро бемор аст ва бояд таваҷҷуҳи атрофиёнашро ба худ ҷалб кунад. Дигар ягон коре аз дасти ин заиф намеояд, фақат туҳмату таҳқир карда метавонаду халос.
Аниқ аст, ки имрӯз яке аз наҳзатиҳои террорист – М.Садриддини қаллобу палид заифу нотавон аст ва ноҷавонмардона тавассути расонаҳои хабарии ифротӣ бар зидди давлату миллати мо дуруғу туҳмат паҳн мекунад. Ба таври тарсуёна ва буздилона барои манфиати худ дуруғ мебофад ва дигаронро туҳмат мекунад.
Аммо бо чунин амалҳои нангин вай сафи ҷиноятҳояшро меафзояд. Дур нест он рӯз, ки ин хоини миллат ба даст меафтад ва он гоҳ дар назди қонун ва мардуми кишвар бояд ҷавоб гуяд.
Насим Шарифзода,
собиқадор
Шарҳ нест