Агар ба таърихчаи давлатдории тоҷикон дар замони муосир, махсусан, замони даргириҳои бемаънии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта як каме мурур кунем, хоҳем дарёфт, ки чӣ мушкилоте домангири давлатмардони вақт будааст ва онҳо дар қиболи чӣ мушкилоте истод шудаанд.
Имрӯз бар асоси шунидаю мутолеот сари масоили бунёди давлат ва роҳандозии сиёсати муваффақона дар қаламрави ҷумҳурӣ суҳбату фазлфурӯшӣ кардан ва зиёда аз ин, чанд саҳифаеро сиёҳ намудан бисёр осон аст. Вале ба назар гирифтани шароит ва ҳассосияти замон бисёр муҳим аст. Ба ин манзур дар он замони ҳассос, яъне ибтидои солҳои навадум ба эътидол овардани вазъи баамаломада, ба оромии сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва фикрӣ расондани мардум ва ба ҳам овардани онҳо ҷуръату ҷасорати фавқулодаро тақозо мекард. Азбаски дастгоҳҳои давлатӣ ва сохтори сиёсии кишвар дар он замон ба гирдоби мушкилоти дохилӣ ғӯтавар ва фалаҷ шуда буданд, имкони бозсозӣ ва таҷдиди мудирияти давлатӣ ба сифр баробар гардид. Ба болои ин мусибат, аз фурсат истифода бурда, таҳиягарони бозиҳои сиёсӣ дар минтақаҳои ҳассоси кишвар тухми ихтилофоти динӣ – мазҳабӣ коштанд, ки бар асари он ҷанги шаҳрвандӣ доман густурд. Дар чунин вазъияти ҳассоси сиёсию иҷтимоӣ 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор шуд ва Ҳукумати қонунӣ рӯйи кор омад. Барои ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ Ҳукумати конститутсионӣ саъю талош намуд ва аз созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мусоидат намоянд.
Ҳамин тариқ, Эмомалї Рањмон замоне ба сари њокимият омад, ки тамоми сохтор ва дастгоњи давлатї ва њукуматї бар асари даргирињои бемаънї, нољурию дарњамбарњамињои сиёсї билкул фалаљ шуда, кишвар ба вартаи љанги шањрвандї афтода буд. Манзараи дањшатовар ва хашини љанги шањрвандї њатто имрўз њам, бо гузашти зиёда аз бисту ҳафт сол хобу хаёли мардуми ќаламрави Љумњурии Тољикистонро тарк накардааст ва чун кобуси вањшатзо олами руъёи халқро тањдид мекунад. Дар чунин вазъи фољеабор, ки њатто аз бародар њам таваќќўъ ва умедворї доштан ѓайриимкон шуда буд, Эмомалї Рањмон ба арсаи сиёсат ва давлатдории ватанї ворид гардид ва љасурона дар ин масири мушкилписанди сиёсї гомњои устувор бардошт.
Паймудани масири хатарнок ва печидаи сиёсат дар он замон кори сањлу осон набуд ва њар кї дар замону макони мазкур дар њавзањои сиёсї ва идорї кору фаъолият кардааст, њолат ва вазъи куллии минтаќавиро хуб дар ёд дорад. Дар шароити мудњиш ва ваҳшатзои давр ба сари кор омадан ва ба таври таъљилї сару сомон додани ибтикороту тадбироти мушаххас љуръат ва худкифоияти вижаро таќозо менамуд. Гузашта аз ин, њангоми баргузор шудани Иљлосияи шонздањуми Шўрои Олї аз назари синнусолї Эмомалї Рањмон њанўз чињилсола буд ва ќатъи назар аз он ки ба сиёсати бузург ворид нагардида, дар њавзаи сиёсатњои минтаќавї ва љањонї таљрибаи андак дошт, на танњо нањаросид, балки бо шўру шавќи миллї ва номуси ватандорї ба вазифаи Раиси Шўрои Олї пазируфта шуда, аз рўзњои нахустини њукуматдорї, бо такя бар виљдону имони яќин, фазои муносиби зистї ва муњити бози сиёсию иљтимої ва фарњангї муњайё сохт. Аз ин лиҳоз, муњимтарин дастоварди Иљлосияи шонздаҳуми Шўрои Олї он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалї Рањмон ба арсаи рањбарї ва давлатдорї дар марњилаи навини таърихї овард ва ин марди майдони сиёсати минтаќавї ва башарї бо рўњи ќавии миллї, на танњо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатњи иљтимої таъмин намуд, балки дар эъмори давлат, тањкими Истиќлолияти давлатї ва сиёсати миллї дар миќёси байналмилалї сањми сазовор гузошт. Бар мабнои сифоти њасанаи шахсї ва ахлоќи миллию мардумї – мањорат, матонат, њиммат, љасорат, садоќат, фазилат, шарофоат, масъулият, адолат, самимият ва муњаббат, Эмомалї Рањмон дар як муддати кўтоњи таърихї муњимтарин дастоварди башарї — сулњу субот, амнияту њамбастагї, вањдат ва оромиши миллию мардумиро дар минтаќа фароњам овард.
Маълум аст, ки сохтор ва дастгоњи фалаљшудаи давлатї, ки нимаи дуюми моњи ноябри соли 1992 ба Эмомалї Рањмон мерос монд, на тармим, балки эњё ва бозтавлидро талаб мекард. Ба таъбири дигар, Роњбари давлат бояд давлат ва салтанати ба муќтазиёти замон мутобиќро заминагузорї мекард ва пешорўйи Эмомалї Рањмон мушкилоти сангин ќарор дошт. Пеш аз њама, зењни Савари давлатро он замон (воќеан, имрўз њам Президенти љумњурї амнияти миллї ва тафоњуми мардумиро асоси фаъолияти рўзмарра ќарор додааст ва њамеша болои ин нукта тамаркуз мекунад) оромиши иљтимої, субот ва амнияти сиёсї ва бар мабнои он, баргардонидани муњољирони иљборї аз хоки Афѓонистон банд карда буд. Ба њамаи ин нигоњ накарда, мардуми Тољикистон соли 1994 тариќи раъйпурсии умумихалќї Президентро интихоб ва Конститутсияи миллиро ќабул намуд. Раъйи мардум сўйи мардумсолорї, њуќуќбунёдї ва дунявият гироиш пайдо намуд ва ин роњи муваффаќ то имрўз Љумњурии Тољикистонро њамсафар аст.
Ба сифати њадафи стратегї ќарор додани бозгашти муњољирон ба ватан, оромиши куллиро дар тамоми манотиќи њассоси љумњурї таъмин намудан, ба сулњ ва ифоќаи миллї расидан ва нињоятан, њамвор сохтани роњи ноњинљори сиёсию мафкуравї миёни шањрвандон ва њамватанон масири њаракати сиёсати маќбули Сарвари давлат ва Президенти Ҷумҳурии Тољикистонро вусъати тоза бахшид.
Таъкид кардани ин нукта зарур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалї Рањмон дар он солњо аз тариќи минбарњои ватанию хориљї бо эњсоси баланди масъулият ва самимияти вежа перомуни масоили њассоси миллї ва манофеи давлатї суњбат мекард. Баъзан дар љаласањои њукуматї ва Шўрои Олии ваќт ба кўрдилон, бадхоњон ва фурсатталабоне, ки дар дохили њукумат кор мекарданд ва ошкору нињонї алайњи њадафњои нињойии Сарвари давлат шўру тавтеа меандохтанд, рўйирост муќобилият мекард. Љуръат, љасорат, масъулият, шарофат ва инсонияти Эмомалї Рањмон имкон дод, ки бо душманони дохилию берунии давлати љавони миллї рўйирост даргир шавад ва нагузорад, њадафњои миллї ва манофеи давлатї дар бозињои пасипардагии сиёсї барњадар раванд.
Истиќлолияти сиёсї ва давлатї, ки арзиши олии инсонї мањсуб меёбад, дар натиљаи амалї гардидани барнома ва стратегияњои ин иљлосияи таърихї побарљо мондааст. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалї Рањмон таъкид кардаанд: «Иљлосияи XVI Шўрои Олї бо таќозои таърих на танњо тифли дар гавњора будаи Истиќлолиятро наљот дод, балки таќдири ояндаи онро муайян сохт ва Тољикистони соњибистиќлолро ба сўйи љомеаи мутамаддин ва арзишњои волои башарї њидоят намуд». Аз ин љост, ки ба таври бояду шояд шинохтан ва ќадр намудани арзишњои сиёсї, маданї ва давлатдории миллї, ки натиљаи њамин Иљлосияи сарнавиштсози Шўрои Олї ба њисоб рафта, минбаъд масири сохтмони давлати миллиро дар марњилаи нави таърихї таъйин кардааст, вазифаи њар фарди солимаќли љомеа мебошад.
Албатта, давлатдорї ва мудирияти сиёсї кори њар кас нест, чуноне ки як зумра назарияпардозони дохилию хориљї мепиндоранд. Ба дараљаи пешвои сиёсї ва нињоятан, лидери миллї сабзидан мањорат, таљриба, сиёсат ва љуръату масъулияти фавќулодаро таќозо менамояд. Инҷост, ки байти машҳури Хоҷа Ҳофиз пеши назар меояд:
На ҳар кӣ тарҳи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,
Кулаҳдорию ойини сарварӣ донад.
Рањонидани Тољикистон аз вартаи љанги шањрвандї, наљоти марзу буми миллї аз нобудию завол, хунсо кардани наќшањои шуми бозигарони сиёсии минтаќавї ва берунї, барќарор кардани хољагии халќи љумњурї, ки дар њоли порагаштан ва нобудї ќарор дошт, билохира сохтани давлати миллї силсилаи иќдомотеанд, ки Эмомалї Рањмон минҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иљлосияи XVI Шўрои Олї шурўъ карда, то ба имрўз анљом дода истодаанд.
Замоне ки мардум ва љомеаро хатарњои гуногун аз њар тараф тањдид мекунанд, шахсиятњои варзидае рўйи кор меоянд, ки миёни омма аз мањбубияти вежа бархўрдор буда, бо бархўрдорї аз таљриботи сиёсї, давлатдорї, фикрї, эљодї ва дар маљмўъ, њирфавї ва бо мадди назар гирифтани шароит ва вазъи минтаќавию љањонї, љомеаро дунболи худ бурда, аз тањдиду хатарот эмин медоранд. Дар чунин вазъи ногувори ташаннуљи бозињои геополитикї ба хотири њифзу нигањдошти тамомияти арзї ва њувияти миллї атрофи раҳбар ва лидери сиёсї, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шудан амри зарурӣ ва воқеияти имрӯзӣ ба ҳисоб меравад.
Н. Нуров,
устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода
14 ноябри соли 2019, панҷшанбе, соати 15:20
Шарҳ нест