3 декабр Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо гурӯҳи варзишгароне, ки дар Чемпианати ҷаҳон ва Осиё иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштанд, вохӯрӣ намуд.
Раиси ноҳия зимни суханронии хеш варзишгаронро бо дастовардҳои навашон табрику муборакбодӣ намуда, қайд намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳури қарор дошта, то ба имрӯз ҳар як иқдоми созандаи ҷавонон дастгирӣ ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо ҳамеша қадр карда мешавад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар моҳи ноябри соли равон дар соҳаи варзиши ноҳия варзишгарони мо ба дастовардҳои зиёд ворид намуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Кароматулло Қурбонов дар ҷемпианати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ , ки дар шаҳри Абудабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, дар вазни 68 кг иштирок намуда, дар байни намояндагони 45 давлати ҷаҳон сазовори ҷойи сеюм гашта Парҷами Тоҷикистонро боло бардошт.
Инчунин дар намуди варзиши Муай – тай бо роҳбарии мураббии шоистаи Чумҳурии Тоҷикистон Замир Юлдошев дар чемпионати Осиё , ки дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, варзишгарон Муҳаммад Сафаров соҳиби ҷойи дуюм, Мирҳусейн Оқилзода , Сино Хайруллоев ва Маҳмудҷон Мавлонзода соҳиби ҷойи сеюм гаштанд.




















Шарҳ нест