Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ба сухан баромада, ташрифи меҳмононро ба ноҳия хайру мақдам намуд. Инчунин аз рафти корҳои ободонии минбаъдаи ноҳия ҳарф зада кулли сокинонро бо Наврӯзи хуҷастапай муборакбод намуд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов аз номи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамаи сокинони ноҳияро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал таҳният гуфтанд.
Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангин, савту суруд ва рақсҳои ҷолиби хеш ба ҳамагон руҳу илҳоли тозаи идона бахшиданд. Дар охир аз номи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Зиёзода С.Р. барои санъаткорон дастагуле ҳадия карда шуд.
Шарҳ нест