Гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ.

02.10.2020

print
Имрӯз дар Майдони Ғалабаи маркази ноҳияи Деваштич маросими гусели 120 нафар даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода дар назди иштирокдорон баромад намуда, аз иқдоми ихтиёриён изҳори қаноатмандӣ кард. Ҳамзамон дар қайд намуд, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавонмарди бонангу номус аст ва барои тарбияи чунин ҷавонони шуҷову ватандӯст имрӯза ба волидонашон миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро изҳор намуд.
Инчунин аз номи волидайни даъватшавандагон Фируза Обломуродова, аз номи даъватшавандагон Некруз Муқумов ва аз номи афсарон ки айни ҳол дар хизмати ҳарбӣ қарор дорад Фарҳод Ҳимматов баромад намуда, аз шароити мусоид дар хизмати ҳарбӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сарбозону афсарон изҳори назар намуданд.
Дар охир барои даъватшавандагон туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия супорида шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code