Ифротгаро -душмани миллат

06.10.2020

print
Яке аз падидаҳои номатлубе, ки метавонад бо пайомадҳои нохуши худ хатарҳои нав ба нав эҷод карда, боиси носуботии ҷамъият, халалдор гардидани зиндагии осоиштаи мардум гардад, ифротгароиву терроризм ва экстремизм мебошад. Зуҳуроти ин равандҳои созанда ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳар як аъзои ҳамъиятро водор месозад, ки алайҳи ин вабои аср дастҷамъона муборизаи беамон бурда, қарзи инсониву шаҳрвандии худро дар назди Ватан иҷро намояд. Мутаассифона, дар мамлакати мо низ ҳолатҳои ба доми фиреби ТЭТ ҲНИ, ҷараёни террористии ваҳҳобия, салафия афтодани ҷавонони содаву раҳгумзада мушоҳида мегардад, ки ин ҳол сабабҳои худро дорад чун, пастии маърифати ҳуқуқӣ, содагиву камтаҷрибагӣ, ноогоҳӣ аз асли таълимоти дини ислом ва аз ин рe, бовар кардан ба тарuибу ташвиқоти душманони Ватану миллату дин мебошад. Аз байни ин гурeҳҳои ифротӣ фаъолияти ТЭТ ҲНИ, ки дар Ҳумҳурии Тоҷикистон расман мамнeъ эълон шудааст, барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ динро чун ниқоб истифода бурда. аз пасттарину разилтарин корҳо ҳам бе-шармона истифода мебаранд, хавфноктарин мебошад. Зеро муболиғони ин ташкилоти террористӣ бо ваъдаҳои пучу бардурӯғ мафкураи қисми осебпазири xомеа, махсусан xавононро заҳролуд мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалаи басо ташвишовар аҳамияти аввалиндараҷа дода, ҳамеша огоҳ мекунанд, ки дар таълиму тарбияи xавонон эътибори хоса диҳем. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин таъкид кардаанд: «Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки xавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта, фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва бадхоҳони миллати тоxик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.
Ин таъкидҳои Пешвои миллат ҳар як шаҳрванд, махсусан кормандони соҳаи маорифро, ки дар ташаккули афкор, ҷаҳонбинӣ ва камолоти маънавии наврасону ҷавонон, ки ояндаи ин давлату миллат дар дасти онон хоҳад буд, масъул мегардонад. Аз ин лиҳоз, дар муассисаҳои миёнаи таълимӣ муттасил гузаронидани рӯзҳои хониши сиёсӣ, бо истифода аз маводҳои ВАО, ки аъмоли номатлуби нерӯҳои ифротиро фош карда, хоини давлату миллату дин будани саркардагону мубаллиuони ин гуна гурeҳҳо исбот карда шудаанд, ташкилу суҳбату вохeриҳои судманд, ки барои камолоти маънавии мактабиён мусоидат мекунад, мувофиқи мақсад мебошад

Раҳимчон Машарифов,
омӯзгори МТМУ №22 н.Деваштич

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code