Дар асооси дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидани корҳои ободону бунёдкори ва дар ин замина бо нишондиҳандаҳои назаррас, сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кулли сокинони ноҳияи Деваштич, аз ҷумла соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саҳоватпеша хуб пазируфта ҷиҳати бунёди иншоотҳои гуногун камари ҳиммати баста меҳнати хуб намуданд.
Санаи 22 марти соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо чавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода дар назди муассисаи таҳсилоти миёни умумии №18-и деҳаи Дархони Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ толори варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Сараввал Раиси ноҳия мардуми деҳаро бо ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуда, гуфтанд ки, мардуми меҳнатқарини деҳаи Дархон дар қатори сокинони ноҳиямон дар арафаи ҳар як ҷашни таърихӣ ва иду айём корҳои ободониву бунёдкорӣ ва хайру савобро ба роҳ монда, ҷиҳати бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол гирифтани он меҳнат менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур пешниҳод намуданд, ки 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо меҳнату заҳмати пурмаҳсулона ва дар ин замина вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ сазовор истиқбол гирифта шавад.
Ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатро шахсони саховатпешаю соҳибкорони маҳаллии деҳаи Дархон ҷонибдорӣ намуда, оид ба рушди корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳми муносиб гузошта, ҷиҳати ободу зебо намудани як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол меҳнату заҳмат менамоянд.
Таъкид гардид, ки арзиши аслии толори варзишӣ зиёда аз 1 миллион сомонро ташкил дода, дарозиаш 30 метр ва бараш 18 метр мебошад. Ба сохтмони толори варзишӣ аз ҳисоби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят 8 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, ҳамчунин саҳми ҷавонони деҳа назаррас буда, ки бунёди ин толорӣ варзишӣ тӯҳфаи арзандае ба аҳли деҳа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Толори варзишӣ мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои замони муосир бунёд ёфта, барои машғул гаштан ба намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили футбол, волейбол, баскетбол, тениси рӯи миз, гуштин, шашкаву шоҳмот ва ғайра пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин иншоот дорои утоқи корӣ, ҳуҷраи шустушуй ва либосивазкунӣ мебошад.
Зимни мулоқот бо аҳли деҳа роҳбари ноҳия таъкид дошт, ки дар партави мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9-уми марти соли 2024 баргузор гашта буд, сокинон, шахсони касбу кори гуногун, алалхусус собикадорону бонувон ба корҳои хайру савоб ва ободониву созандагӣ бештар машғул мешаванд. Ин аст, ки дар бунёди толори варзишӣ як гуруҳ шаҳрвандон, ки нияти адои ҳаҷро доштан саҳми босазои хешро гузоштаанд.
Дар фарҷом ба як қатор саҳгузорон сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд
Шарҳ нест