Субҳи 3 декабр бо мақсади сазовор истиқбол намудани варзишгарони ноҳияи Деваштич, ки дар Чемпионати Ҷаҳон ва Осиё сазовори ҷойҳои намоён гардида, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд, дар даромадгоҳи ноҳия чорабинӣ баргузор гардид.
Дар маросим муовини раиси ноҳия Насрулло Файзуллозода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Мирсабур Абдуллоев, директори муассиса Назирҷон Комилов, мураббиён ва пайвандони варзишгарон иштирок намуданд.
Муовини раиси ноҳия Насрулло Файзуллозода варзишгаронро бо ин дастоварди навбатӣ самимона табрик намуда, таъкид кард, ки ин муваффақиятҳо самараи давлати соҳибистиқлол, дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳамзамон ба мураббиён барои заҳмати софдилона, роҳнамоӣ, тайёр намудани варзишгарони лаёқатманд ва баланд бардоштани нуфузи ноҳия дар арсаи варзиши байналмилалӣ изҳори сипосмандӣ карда шуд.








Шарҳ нест