Ҳангоми баррасии вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳарду ҷониб аз ин ҳодиса изҳори таассуф намуда, ба оила ва наздикони қурбониён изҳори тасаллият баён доштанд. Изҳор карда шуд, ки ба сурат гирифтани чунин ҳодиса дар оянда роҳ дода наҳоҳад шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки фавран ба баргардонидани техникаи низомӣ ба макони ҷойгиршавии доимии онҳо шурӯъ мекунанд.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.
Ба гурӯҳҳои кории топографӣ супориш дода шуд, ки ҳарчи зудтар ба тасвири сарҳади давлатӣ дар қисматҳои боқимонда шурӯъ кунанд.
Ҷонибҳо ба таърихи қадимаи халқҳои бародар ишора намуда, омодагии худро дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди тарафайнро баҳри ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷудаи марзӣ изҳор намуданд.
Шарҳ нест