Сохтмони иншооти мазкур то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба итмом расонида шуда, ба фаъолият оғоз менамоянд. Дар он 50 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин гашта, бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти хушсифат- тухми парранда ва гӯшти моли калон таъмин менамоянд.
Ҳамчунин дар ин ҷамоат сардхона барои 400 тонна маҳсулот, нуқтаи ченаки вазни маҳсулот ва маркази хизматрасонӣ бунёд мегардад. Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст бо маблағгузории зиёда аз 4 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Амалӣ шудани чунин иқдомҳо дар ноҳияи Деваштич омили рушди иқтисодии ноҳия арзёбӣ маҳсуб мешавад
Шарҳ нест