ҶАЛАСАИ ФАЪОЛОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

16.04.2025
print

16-уми апрели соли равон дар толори кало­ни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтим­оию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 баргузор га­рдид.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муовини Раиси вилоят Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муо­винони Раиси ноҳия, Роҳбари дастгоҳи Ра­иси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимию тандурустии ноҳия, раисони хоҷагиҳои калонхаҷми кишоварзӣ, раисони шӯрои маҳаллаҳо ва имомхатибон иштирок намуданд.

Ҷаласаи ҷамъбастиро Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар семоҳаи аввали соли 2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда буданд, тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Дар ин марҳала нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия афзуда, татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ноҳия равнақ ёфт. Дар натиҷаи амалӣ намудани силсилаи тадбирҳо заминаи рушди устувори ҳамаи соҳаҳо гузошта шуд.

Сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи аввали соли равон муовини Раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода маърӯза намуд.

Муовини Раиси ноҳия зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, ҳамзамон роҳнамоии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода равона намуда, ба як қатор пешравиҳои назаррас ноил гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра роҳбарияти ноҳия таваҷҷӯҳи асосии худро ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ равона намуд.

Дар баррасӣ ва музокираи масъалаҳо вобаста ба камбудиву норасогиҳо, мушкилоти мавҷуда аз муовинони раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва дигар масъулини соҳаҳои дахлдор пурсиш гузаронида шуда, фаъолияти ҳамаи самтҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд ва муовинони раиси ноҳия– сарпарастони соҳа, Раёсати молия, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия вазифадор гардиданд, ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорон ва саривақт ва босифат ҷамъоварӣ намудани андоз аз ҳамаи восита, имконият ва захираҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар дар баромади хеш нишондиҳандаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳияро таҳлил намуда, вобаста ба бартараф кардани мушкилот ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ибрози андеша намуд ва таъкид ба амал овард, ки дар фаъолияти минбаъда ҳамаи кӯшишу ғайрат ба бартараф намудани камбудиҳо равона карда шаванд.

Дар фарҷом Раиси ноҳия ҷаласаро ҷамъбаст намуда ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дастур дода, дар назди масъулин баҳри ба анҷом расонидани кишти баҳорӣ, аз он ҷумла кишти картошка, таъмини рушди соҳаи кирмакпарварӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, густариши корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, ҳифзи солимии ҷомеа, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарбияи насли наврас, пешгирии содиршавии ҷиноят ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар охир изҳори боварӣ намуданд, ки сокинони меҳнатқарини ноҳия бо меҳнати содиқонаи худ ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code