ҶАЛАСАИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МАСЪУЛИНИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

20.02.2025
print
Нимаи рӯзи 19 феврали соли 2025 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 январи соли 2025 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти Раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода, муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шӯъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини идораи кишоварзӣ, замин, об, ҳифзи муҳити зист, маркази бехатарии озуқаворӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок карданд.
Нахуст, Раиси ноҳияи Ашуралӣ Ҷалилзода меҳмонон ва аҳли Раёсатро хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаашон баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, миннатдории самимона изҳор намуданд.
Қайд гардид, ки сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият карда, барои фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ва муҳайё намудани имкониятҳои васеъ дар ҳама самтҳои рушди ичтимоию иқтисодии кишвар сипосгузоранд.
Тазаккур гардид, ки кишоварзӣ аз соҳаҳои рушдкарда дар ноҳия маҳсуб меёбад ва сокинони меҳнатқарини ноҳия дар самти истифодаи оқилона ва самараноки замин таҷрибаи кофӣ доранд. Бо назардошти ин ҳар як ваҷаб замин аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия оқилона истифода мегардад ва кишти зироатҳо дар асоси нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монда мешавад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ зимни ҷаласаи корӣ бо раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарияти кумитаи идораи замин иброз дошт, ки дар шароити кунунии амнияти озуқавории ҷаҳон моро зарур аст, ки ҳар як порчаи замини корамро самаранок истифода бурда, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешем.
Дар ин замина, иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миилат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти кишоварзӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонбой Ҳакимзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки ноҳияи Деваштич дорои имкониятҳои васеъ буда, масъулинро зарур аст, ки барои иҷрои нақшаҳои гузошташуда фаъолиятро тақвият бахшанд. Ӯ инчунин илова намуд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар гардид ва ин бояд омили фаровонҳосилӣ гардад.
Дар фарҷом ба масъулин барои вусъатбахшии кишту кори баҳорӣ, таъмини нақшаи кишт, обёрии саривақтии заминҳо, мубориза бо ҳашароти зараррасон, зиёд намудани кишти картошка, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, гирифтани ду-се ҳосил, таъмини рушди соҳаи чорводорӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code