19 май ба муносибати моҳвораи ҷавонон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносию худогоҳӣ, дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллии ҷавонон тарбия намудан, расидан ба қадри неъмати бебаҳо истиқлолият ва тинҷиву оромии Ватани азизамон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳия баргузор гардид.
Дар Шӯро сохторҳои дахлдор, гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси ноҳия, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.
Ҷаласаи Шӯроро Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ифтитоҳ намуда, аъзоёни Шӯроро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд.
Сипас аз рӯи масъала мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Мирсабур Абдуллоев оид ба фаъолияти бахш ва татбиқи амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон дар ноҳия ҳисобот дод. Баъдан як қатор ҷавонони касбу кори гуногун ба музокира баромада, оид ба нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва рушду инкишофи иҷтимоию иқтисодии давлат суханронӣ намуданд.
Баъди баррасии масъалаҳои ҷаласа Раиси ноҳияАшуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти баргузории Шӯрои кор бо ҷавонон, зери таваҷҷӯҳи махсуси Сарвари давлат қарор доштани сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми ҷавонон дар рушду нумӯи давдат, пешрафти босуботи ҷомеа, ҳимояи амният ва марзу бум, дастгирии ҳамешагии ҷавонон аз ҷониби давлату ҳукумат, расидан ба қадри тинҷиву оромӣ ва ободӣ дар кишвар аз ҷавонон таъкид ба амал оварданд.
Имрўзҳо ҷавонони соҳибкасбу ихтисосманд идомабахши кору пайкори неку созанда буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти шоиставу назарраси онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарин боқӣ мемонад,-иброз дошт Раиси ноҳия.
Таъкид гардид, ки баробари дигар масъалаҳои муҳиму калидӣ донишманду босавод, соҳибфарҳангу хештаншинос ба камол расидани насли наврасу ҷавон дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор дошта, бо ин мақсад бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор шуда истодааст. Баргузории ин озмунҳо воқеан ҳам барои афзун гардондани майлу рағбати наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ, таваҷҷуҳ ба арзишҳои волои миллӣ, дарёфти чеҳраҳои наву ҳунармандони варзида аз ҳисоби наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси ноҳия ба аъзоёни Шӯрои ноҳиявӣ ва масъулини соҳа вазифагузорӣ намуда, таъкид дошт, ки дастгирии ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ҷавонон ояндасози миллату давлат мебошанд.
Шарҳ нест