ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ДОИР ГАРДИД

05.04.2025
print
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти Раёсати прокурори ноҳия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 Ҷамшед Мелибоев ҷаласаи васеи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия доир гардид, ки дар ҷаласа Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, аъзоёни Шӯро – роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси ноҳия, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишаванда дахлдор ширкат варзиданд.
Дар кори ҷаласа рафти рафти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ” ва “Дар бораи молияи давлатӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз рӯи масъалаи якуми Шӯро сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Дилафрӯз Баҳодурзода суханронӣ намуда, оид ба рафти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ” ва “Дар бораи молияи давлатӣ”дар фаъолияти мақомотҳои марбутаи давлатии ҳудуди ноҳия гузориш дод.
Инчунин дар муҳокима ёрдамчии прокурори ноҳия Зараф Ҷаҳонгирзода шунида шуд.
Сипас, аз рӯи масъалаи муҳокимашуда аз масъулини соҳаи маорифу тандурустӣ, ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо пурсиш ба амал оварда шуда, барои самаранок амалӣ намудани қонуни болозикр супоришҳо дода шуд.
Дар фарҷоми Шӯро Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ибрози андеша намуд.
Бо қабул кардани қарорҳои дахлдор Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Деваштич ҷамъбаст гардид.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code