14 октябри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати прокурори ноҳияи Деваштич мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 Ҷамшед Мелибоев ҷаласаи васеи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Деваштич доир гардид, ки дар он Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, аъзоёни Шӯро – роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони шӯрои маҳалла, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишаванда дахлдор ширкат варзиданд.
Дар кори ҷаласа рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз рӯи масъалаи Шӯро ёрдамчии калони прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 2 Ҷамшед Маърупов суханронӣ намуда, оид ба рафти Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар фаъолияти мақомотҳои марбутаи давлатии ҳудуди ноҳия гузориш дод.
Дар муҳокима сардори шуъбаи дар ноҳияи Деваштич будаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилшод Ҳасанов, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Абдумаҷид Ҷалилов ва дигарон шунида шуд.
Сипас, аз рӯи масъалаи муҳокимашуда аз раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,
шуъбаи маориф, бахши танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши муҳоҷират,
роҳбарони муассисаҳои таълимӣ пурсиш ба амал оварда шуда, барои самаранок амалӣ намудани Стратегияи болозикр супоришҳо дода шуд.
Дар фарҷоми Шӯро Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода ибрози андеша намуд.
Бо қабул кардани қарорҳои дахлдор Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Деваштич ҷамъбаст гардид.
Шарҳ нест