5 ноябри соли 2025 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази ноҳия ба ифтихори 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳо шаҳраку деҳот ноҳия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, собиқадорон меҳнат, фаъолон ва ҷавонони ноҳия иштирок намуд.
Ҷамъомади тантанавӣ ба толор ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Сараввал Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода низ ҳозирин ва ҳамаи сокинони ноҳияро ба муносибати 31-солагии Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон саодати рўзгор, барори кор ва осмони софу фазои беғуборро таманно намуд.
Таъкид карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қабули он тавассути кўшишҳои собитқадамонаву ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айни ташаннуҷи авзои ҷомеаи байналхалқӣ ва вазъияти душвори оғози соҳибистиқлолӣ 6 ноябри соли 1994 сурат гирифт, қабл аз ҳама, тамомияти арзӣ, тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлати тозабунёди тоҷиконро дар масири ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, иҷтимову низоми демократӣ муаррифӣ намуд. Санади мазкур аз лиҳози мазмуну муҳтаво фарогири кулли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, амнияту суботи ҷомеа вашаҳодати давлату давлатдории мардуми кўҳанбунёди тоҷик ва меъёрҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ буда, ҳамчун таҷассумгари имрўз, дурнамо ва паёмадҳои фардои миллат, баёнгари орзуву омол ва ормонҳои халқи тоҷик дар масири эъмори Тоҷикистони озоду обод ва пешрафтаву мутараққӣ дар радифи мамлакатҳои дар роҳи рушд қарор дошта, мавриди эътирофи ҷаҳониён гардид.
Бояд қайд намуд, ки мардуми сарбаланди кишварамон, бахусус ноҳияи мо низ бо саодатмандию сарфарозӣ, ифтихор аз диёри маҳбуб ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаю одилонаи Пешвои муаззами миллат, фазои орому осоиштаи кишвар, устувории пояҳои давлатдорӣ ҳамасола ин ҷашнро бо фараҳмандӣ истиқбол менамоянд.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, шаҳодатномаи миллат, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон дошта, риоя ва эҳтироми онро меҳвари мақсад ва мазмуни фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ қарор додааст ва ин арзиши конститутсионӣ нигоҳи башардӯстонаи давлатро нисбат ба волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон аз дигар падидаҳо инъикос менамояд.
– Бо гузашти як фосилаи муайяни таърих, яъне чаҳоряк асри амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо бо дилпурӣ ва ифтихормандии том таъкид менамоем, ки ин санади ба маънои ҳақиқияш ифодагари манфиатҳои миллат, таҷассумкунандаи тамоми паҳлуҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаи кишвар, рисолати таърихии худ – фароҳам овардани фазои осоиштаву ором, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва таъмини Ваҳдати миллиро иҷро намудаву роҳи фардои моро мунаввар сохта, сокинонро ба ояндаи ободу дурахшон дилгарм ва раҳнамун кард, – иброз дошт Раиси ноҳия.
Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзада паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, қайд намуд, ки дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоли мо моҳияти сулҳҷӯёна доштани сиёсати давлати Тоҷикистон, рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар идораи давлат ифода ёфтааст. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ифодагари манфиатҳои халқ буда, дар рушду такомули давлату давлатдории тоҷикон нақши намоён дорад.
Инчунин дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор иштирокчиёни сохти конститутсионӣ Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.
Барномаи ҷолиби аҳли санъату фарҳанги ноҳия, ки фарогири мавзуъҳои ватандӯстиву сулҳпарварӣ буд, ба ҷамъомади идона шукуҳи тоза бахшид.
































Шарҳ нест