Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироат мувофиқ аст. Барои парваришу истеҳсоли картошка ва то ба 500 ҳазор тонна расонидани ҷамъоварии ба истилоҳ «нони дуюм» дар ноҳияи Деваштич имконият фаровон аст.
Сокинони ноҳия заминҳои наздиҳавлигии худро пурсамар истифода бурда, дар он парвариши картошкаро ба роҳ мондаанд.
Тибқи маълумоти масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ аз ҷониби деҳқонон пурра истифода шуда, дар чунин заминҳо асосан кишти картошка ба роҳ монда шудааст.
Шарҳ нест