КОМЁБИҲОИ КИШВАРАМОН АЗ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МЕБОШАНД!

19.06.2020

print
Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Дарвоқеъ, дуруст аст, ки бо шарофати ба имзо расидани Созишнома дар кишвари мо муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима ёфта, мардум оҳиста – оҳиста ба марҳалаи навин, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намуд.

Мисоли ин гуфтаҳо бунёди нақбу пулҳо, роҳҳои ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва сохта ба истифода додани чандин мактабҳои наву замонавӣ, инчунин барои расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ сохтани НБО – ҳо ба ҳисоб мераванд. Мардуми тоҷик бо роҳбарии марди хирадманду тавоно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, кишвари ҷангзада ва харобгардидаи худро дар як муддати кӯтоҳ ободу зебо гардонида, дар ақсои олам номвар созанд. Маҳз, бо талошҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат сулҳу ваҳдати миллӣ пойбарҷост.

Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид кард, вале тӯли беш аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ ва сулҳи побарҷои худ омада расид.

Имзои Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик шуд, ки дар он саҳми Пешвои муаззами миллат басо назаррас аст. Сулҳи бадастомада натиҷаи заҳматҳои зиёди миллати тоҷик таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат буд. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.

Қаҳрамонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, бояд наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он сабақ гиранд. Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд баҳри шукуфо гардонидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош меварзад.

Нозим НОСИРОВ,

мудири шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code