11 октябри соли 2024 дар асоси нақшаи тасдиқкардашудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти раёсати Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2024 баргузор гардид.
Дар маҷлиси фаъолон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, раисони шӯрои маҳаллаҳо, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва имомхатибон иштирок доштанд.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштич бо рўҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст намудани соли барои миллату давлатамон таърихӣ саъйу талош меварзанд.
– Сокинони меҳнатқарии ноҳия дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои ҳадафмандонаи Ҷаноби Олӣ, ки дар суханрониҳояшон ҳангоми мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, ҷиҳати бо дастовезҳои муносиб таҷлил намудани ҷашни ҳумоюни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат мекунанд, – таъкид дошт Раиси ноҳия.
Аз рӯи масъалаи рӯзномаи ҷаласа “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2024” суханро ба муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт Ганҷина Нуруллозода баромад намуд. Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баён намудаашон, ки барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд.
Дар раванди таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмӯҳлати Тоҷикистон-баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳаки асосӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои чор ҳадафи стратегӣ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул дар заминаи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо таҳлили вазъи соҳаҳои гуногун изҳор дошт, ки ноҳия дорои имконияту захираҳои бузурги то ҳанўз истифоданашуда мебошад ва истифодаи самараноки онҳо ба хотири боз ҳам вусъат додани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия аз кору фаъолияти содиқонаи тамоми роҳбарону фаъолон, заҳмати содиқона ва азму талоши созандаи ҳар як сокини ноҳия вобастагии мустақим дорад.
Дар кори маҷлис ҳамзамон сардори Раёсати кишоварзӣ Мирзо Мирзозода, Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Даврон Зикруллоев, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва як чанд роҳбарони корхонаву ташкилот нисбати фаъолияти кориашон ҳисобот доданд.
Инчунин дар маҷлиси фаъолон вобаста ба камбудиву норасогиҳо, мушкилоти мавҷуда ва нишондодҳо аз баромадкунандагон ва масъулони соҳаҳои дахлдор пурсида шуд.
Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода баромад намуда, дар баробари муваффақиятҳо як қатор камбудиҳоро хотирасон карданд ва диққати иштирокчиёни маҷлиси фаъолонро ба истифодаи самарабахши ҳамаи захираю имкониятҳо, саривақт ба иҷро расонидани нақшаҳои барномавии сол вазифагузори намуданд.
Маҷлиси фаъолонро Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҷамъбаст намуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои дахлдор дар нимсолаи нӯҳ и соли 2024 назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт.
– Боварии комил дорам, ки ҳар яки мову Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарвақта аҳлона заҳмат кашида, саҳми худро ба хотири ободии диёрамон, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, ободу зебо сохтани маҳали зист, ҳудуди корхонаву коргоҳ ва ташкилоту муассиса, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мегузорем ва соли 2024-ро бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст менамоем,- илова намуд Раиси ноҳия.
Шарҳ нест