24 июли соли 2025 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар ноҳияи Деваштич дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини раиси ноҳия Файзуллозода Насрулло, мудири шӯъбаи иттилоот ва тарғиботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода Мухтор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Деваштич рақами 24 Шосаидзода Шаҳбоз ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, масъулини як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуданд:
1. Ахбороти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар самти амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ дар Анҷумани 15-уми ҳизб, татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб барои солҳои 2025-2030, иҷрои қарорҳои Конференсияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ дар шашмоҳи аввали соли 2025;
2. Тасдиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 17.07.2025;
3.Қабули Муроҷиатномаи ҳизбиёни ноҳияи Деваштич оид ба дастгирӣ намудан тариқи дастаҷамъона сохта ба истифода додани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4 Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич барои нимсолаи дуюми соли 2025;
5. Масъалаҳои ҷорӣ;
Ҷиҳати баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ахбороти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои ноҳиявии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда аз ҷониби муовини раиси Кумиҷроия Рашидзода Ботур ба таври муфассал ироа гардид.
Қайд гардид, ки давоми нимсолаи якуми соли 2025 ҳизбиёни ноҳияи Деваштич фаъолияти хешро дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, ки ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо муҳимтарин самтҳои рушди Тоҷикистонро барои солҳои 2025 – 2030 пешбинӣ менамояд, инчунин дар асоси қарорҳои Анҷумани XV ҲХДТ ва дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизб, таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон” ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини рушди устувор ва пешрафти мамлакат, муҳайё сохтани сатҳу сифати арзандаи зиндагии халқ, инчунин баҳри беҳтар гардонидани ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва ободиву шукуфоии пойтахт нақши арзандаи худро гузоштанд.
Дар қисмати музокира оид ба баррасии фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳрак”, Фирӯз Муҳаммадиев, “Ҷамоати Муҷун” Абдусамад Маҷидов ва “Маорифчиён” Даврон Зикруллоев баромад намуда, баҳри боз ҳам вусъат бахшидани фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия пешниҳодҳои муфид иброз намуданд.
Вобаста ба баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҷиҳати ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 17.07.2025 оид ба таҷлили сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назди Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, оид ба он қарори дахлдор қабул карда шуд.
Инчунин аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва ноҳия Шукурова Шоира матни Муроҷиатномаи ҳизбиёни ноҳия оид ба дастаҷамъона сохта ба истифода додани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат карда шуд.
Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис лоиҳаи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич барои тасдиқ ба муҳокимаи аъзои Кумита пешниҳод гардида, вобаста ба он қарори дахлдор қабул гардид.
Дар баромади намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода Мухтор оид ба самти танзими дурусти ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва ” Сухани халқ”, зиёд намудани ҳайати сифатии аъзои ҳизб ва ба кулли ҳизбиёни ноҳияи Деваштич, ки ҳар яке дар самти худ татбиқкунандаи бахшҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2025 – 2030 ба шумор мераванд, тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Инчунин, аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Деваштич №24 Шосаидзода Шаҳбоз баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ҳизб дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси васеи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 17.07.2025 иброз доштанд, татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб, бештар намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар сатҳи шаҳраку деҳот бо усули “Маҳалла ба маҳалла” ва омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда шуд.
Дар фарҷом ба як қатор фаъолони ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, бо дарназардошти фаъолияти босамарашон дар самти амалӣ намудани ғояҳои созандаи ҲХДТ, тарғибу ташвиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Деваштич тақдим карда шуд.





















Шарҳ нест