МАКТАБИ НАВ БУНЁД ГАРДИД!

28.08.2024

print

Санаи 27 августи солӣ ҷорӣ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби навбунёд мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими кушодашавии мактаби мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мусобек Самизода ва мушовири Президенти Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Комилов Давлатҷон иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ карда, ҳамаи  хонандагону омӯзгоронро табрику шодбош намуда, сохта ба истифода додани  муассисаи мазкурро дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ амали нек арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки муассисаи мазкур 66-рақамгузорӣ шуда, бо харҷи 5 миллион сомонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша ва муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи ҳашар сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Ин  иқдом  мушкилии сокинони деҳаро осон намуд.  Зеро  240 нафар хонандагони деҳаи Файзобод дар муассисаи таълимии рақами 48-и деҳаи Арғуи шаҳри Истаравшан таҳсил мекарданд,  ки  он аз деҳа дар масофаи 3 километр дуртар ҷойгир буд. Бо бунёд гардидани мактаби нав мушкилиҳо бартараф гардид, ки  ин муассиса дорои 8 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона  ва майдончаи варзишӣ, 25 нафар кормандон, аз он 12 нафар кормандони педагогӣ ва 13 нафар кормандони техникӣ ва 240 нафар хонандагон ба тарбия фаро гирифта шуданд. Дар охир сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби Раиси ноҳия ба муассиса ва шахсони фаъоли деҳа супорида шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code