20 ноябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварати корӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раис ва мувинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилот, роҳбарони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, раисони шӯрои маҳаллаҳо, раисони хлҷагиӣои калонхаҷм, имомхатибон ва дигар масъулони соҳаҳо ширкат варзиданд.
Нахуст Раиси ноҳия ба фаъолон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни ташриф ба вилояти Суғд ва мулоқот бо фаъолони вилоят, 19 ноябри соли равон баён доштанд, ба самъи ҳозирин расонида, иҷрои саривақтиву босифати онро дастури худро доданд.
Сипас, роҷеъ ба масъалаҳои омодагӣ ба зимистон, вусъати корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии саривақтии андоз, иҷрои нақшаҳои пешбинишудаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, обуна ба нашрияҳои давлатӣ, муҳимтар аз ҳама таъмини тозагии ҳифзи муҳити зист дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.














Шарҳ нест