Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 15 апрели соли 2025 дар толори Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд ба номи “Лоиқ Шералӣ” мулоқоти Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии маркази вилояти Суғд доир гардид, ки дар мулоқот намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сармутахассис шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Мирзоғуфрон Ғафуров ширкат варзид.
Нахуст Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда, ба донишҷӯён, ки ҳама аз ноҳияи Деваштич мебошанд, доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, дастоварду пешравиҳо, имкониятҳои мавҷуда ва нақшаву стратегияҳои дарназардошташуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Вобаста ба Истиқлолият, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, ҳифзи марзу буми Ватан аз арзишҳои муҳим арзёбӣгардида, бо ёдоварӣ аз таърихи истиқлолияти кишвар, сабабу омилҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, саркардагони он, ҳадафҳои ғаразноки гуруҳҳои манфиатхоҳу иртиҷоӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати ин неъматҳои бебаҳо бетараф набошанд ва барои ҳифзи онҳо ҳамеша тадбирҳо андешанд.
Дар суханронии хеш Раиси ноҳияи Деваштич махсусан заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди аз байн бурдани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, овардани гурезагон, барқарор кардани сулҳу субот ва минбаъд ба роҳ мондани рушди бомайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мисолҳои возеҳу равшан нақл намуд.
Дар ин замина, ҷавононро бо такя ба гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат барои азхуд кардани илму дониш, ҳамчун мутахассиси сатҳи баланд ба воя расидан, саҳмгузор гардидан барои ба рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ даъват намуд.
Дар раванди баргузории мулоқот донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва олии касбии ҳудуди шаҳри Хуҷанд баромад намуда, нахуст барои муҳайё кардани шароити хуби таҳсил миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд ва ба Раиси ноҳия таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур ва масъалаҳои ҳалталабро ба миён гузоштанд.
Дар фарҷоми мулоқот ба 120 нафар донишҷӯёне, ки ятими кул, нимятим, аз оилаи камбизоат ва аълохон ҳастанд, кӯмакпулии яквақтаи Раиси ноҳияи Деваштич супорида шуд.





Шарҳ нест