Зимни мулоқот вазъи иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон ба ноҳия ва вилоят баён намуда буданд, баррасӣ гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат баҳри ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат дар ноҳия корҳои назаррасе ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли 2020 кишоварзони ноҳия дар майдони 28236,18 гектар зироатҳои ғалладонагиҳо, 484,28 гектар зироатҳои техникӣ, 5400,5 гектар картошка, 884,94 гектар сабзавот, 617,34 гектар полезиҳо кишт намуда, дар майдони 47,25 гектар боғу токи нав бунёд намуданд, ки нисбати соли гузашта зироатҳои ғалладонагиҳо 1276,46 гектар, картошка 972,5 гектар ва сабзавот 268,4 гектар зиёд кишт карда шудааст.
Кишоварзони ноҳия сол аз сол майдони кишти картошка ва сабзавотро зиёд намуда, баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулотҳои кишоварзӣ аз ҳама имкониятҳо истифода бурда, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Давоми нимсолаи якуми соли равон тибқи маълумоти фаврӣ ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ дар соҳаи растанипарварӣ 14 миллиону 935 ҳазору 100 сомониро ташкил дода, ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта ба 90,9 фоиз, дар соҳаи чорводорӣ 52 миллиону 642 ҳазор 800 сомониро ташкил дода, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 104,7 фоиз баробар мебошад.
Дар нимсолаи аввали соли 2020 заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавчуд набуда, азхудкунии заминҳои нав дар ноҳия ба майдони 86,5 га аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва боир барои бунёди токзорҳои нав истифода шудаанд.
Раиси вилоят дар аснои таҳлили вазъи соҳаи кишоварзии ноҳия бо ёдоварӣ аз супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи оқилонаи обу замин, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода, захираи маҳсулот, гирифтани то се-чор ҳосил, гузаронидани кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, махсусан картошка дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.
Ба роҳбарияти ноҳия дастур дода шуд, баҳри иҷрои нақшаи андозҳо, пардохти ҳақи истифодаи нерӯи барқ, густариши корҳои ободониву созандагӣ, дастгирии ятимону ниёзмандон, ҳалли масъалаҳои мубрам, баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Бо назардошти вазъи эпидемиологӣ баҳри пешгирии интиқолу паҳншавии бемориҳои сироятӣ гузаронидани корҳои безараргардонӣ амри зарурӣ шуморида шуд ва ба роҳбарияти ноҳия ва раисони ҷамоатҳо ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва риояи тавсияҳои табибон супоришҳо дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Шарҳ нест