МУРОҶИАТНОМА БА М.КАБИРӢ

30.04.2020

print
Дар шароити имрӯза, ки коронавирус ҷаҳонро фаро гирифтааст, вазъият аз инсонҳо боз ҳам дӯстӣ, иттифоқӣ ва сарҷамъиро талаб менамояд.

 Ҳамин аст, ки имрӯз тамоми кишарҳои ҷаҳон ба ин мушкилот диққати махсус медиҳанд ва тамоми тавоноии худро баҳри бартараф сохтани он равон менамоянд. Дар баробари ҳукуматҳо, инчунин, одамони сарватманд, варзишгарони машҳур, ситораҳои маъруфи санъат ва дигар нафарони муваффақ маблағҳои худро дареғ надошта, ба кишварҳои камбизоат ва оилаҳои нодор харҷ менамоянд. Новобаста аз сиёсатҳо, эътиқодот, муносиботи динию мазҳабӣ ва ҳизбӣ ҳамаи онҳо муттаҳид гардида, мекӯшанд, ки ҳаёти инсониро аз ин вартаи нобудӣ раҳо намоянд. Ҳатто нафарони берун аз марзи меҳан ва дур аз гурӯҳи аксарияти миллии худ буда низ, ба хотири кумак ба давлату миллаташон ёрии моддию маънаии хешро дареғ намедоранд. Маҳз дар ҳамин шабу рӯзҳо Ҳукумати Ӯзбекистонро аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ кардани соҳибкори узбектабори Русия Алишер Усмонов ба маблағи 20 миллион доллари ИМА далели равшани ин гуфтаҳост. 
Аммо нохудогоҳону худбохтагон ва аҷнабигароёну миллатситезоне, ки ҳамагӣ ба дунболи Кабирии хиёнаткор рафтаанд, ба ҷуз аз партофтани санги маломат ба сӯйи миллату меҳан коре надоранд. Дар ҳамин рӯзҳо, ки ҳама дар фикри ҷони худу ҳифзи саломатии наздикону пайвандон аст, ин тоифа ҳанӯз ҳам ба ҳарзагӯйиву дурӯғпароканӣ машғуланд. Илова бар ин, ба ҷои тассало додани мардум ва орому осуда нигоҳ доштани фазои иттилоотии кившар, дар байни омма тарсу ҳарос, воҳимаю таҳлука паҳн мекунанд.
Ба ҷойи он, ки хурсанд бошанду болидарӯҳ шаванд, ки қадами наҳси ин вабои аср ба Тоҷикистон нарасидааст, баръакс, мехоҳанд, миллати тоҷик ҳар чӣ зудтар гирифтори бемории COVID-19 шавад. Яъне, ҳадафи асосӣ ва ягонаи онҳо бадхоҳию бадниятӣ дар баробари мардум, оромию осудагии халқ ва тинҷию амнии Тоҷикистон мебошад.
Агар чунин намебуд, ҳадди ақал дар ҳамин рӯзҳои сахту мушкил каме ором мегирифтанд ва даҳонашонро аз дурӯғу туҳмат нигоҳ медоштанд. Дар рӯзи мусибат боз ҳам паҳн кардани кинаву адоват ва хусумату бадбинӣ чеҳри аслии Кабирӣ ва ҳамсафони ӯро нишон дод.
Кабирии хиёнаткор агар худатро ғамхори мардум меҳисобӣ, пас чаро дар ин давраи мушкил туҳмату дурӯғро паҳн менамоӣ ва дар ҷомеа тухми адоват кишт мекунӣ? Агар заррае нанги миллӣ, номуси ватандорӣ ва ифтихори тоҷикӣ медоштӣ, ҳеч гоҳ ба чунин пастигарӣ даст намезадӣ.
Хуб медонем, ки солҳои навадум аз номи Худову расул мардумро фиреб карда, ба гумроҳа бурдед ва дар кишвар ҷанги дохилиро роҳандозӣ намудед. Сабаби марги саду панҷоҳ хазор ҳамдиёр шудед. Дар сентябри соли 2015 ба Ҳоҷӣ Ҳалим як миллиону дусад ҳазор доллари ИМА дода табаддулот карданӣ шудед, то қудрати сиёсиро ба даст гиред. Дубора мақсад доштед кишварро ба хоку хун кашед. 
Имрӯз бошад, мехоҳед, ки дар байни мардум бо баҳонаи паҳншавии коронавирус таҳлукаю ихтилофро ба миён оварда, аз вазъияти мушкили ҷомеа ба манфиати худ истифода намоед. Яъне дар фикри бар ивази расондани зарар ба мардуми кишвар ба даст овардани манфиати моддии худатон ҳастеду халос. Аммо ин ҷиноятест, ки паёмади бисёр бад дорад ва барои ин гуна амалҳо ҳатман дар назди қонун ҷавоб хоҳед дод. 
Ҳамчун, собиқадорони меҳнат, ки аз ту ва кулли ҳамсафонат солхӯрдатару рӯзгордидаем, барои ободии ин кишвар заҳмат кашидаем, имрӯз талаб мекунем, ки амалҳои душманонаи худро қатъ намоед. Агар ҷавонмардӣ карда ба мардум кӯмак намекунед, ақаллан, хомӯш бошед ва дурӯғпароканию туҳматро бас кунед!

Собиқадорони меҳнат.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code