Дар солгарди қатли чор сайёҳи хориҷии дучархасавор дар ноҳияи Данғара сомонаи “Ахборком” матлабе нашр кардааст, ки дуруғу фитнаангез аст. Муаллиф тамоми далелҳои дастрасро сарфи назар карда, гуноҳи ин амали террористиро танҳо ба души ДИИШ вогузор кардааст ва гунаҳкори асосӣ – ТТЭ ҲНИ-ро ба забон наовардааст. Ин беҳурматии Мирзои Салимпур нисбат ба кушташудагони бегуноҳ маҷбурамон месозад, ки чанд сатреро оид ба ин мавзуъ нависем.
Душманон ва хоинони миллат бо маќсади паст задани шаъну шараф ва нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи љањон як сол пеш даст ба ќатли сайёњони хориљї зада буданд. Мањз дар соли сайёњї рух додани њамлаи террористї алайњи сайёњон аз он шањодат медињад, ки ин амали террористї ќаблан аз љониби хоинони миллат, яъне наҳзатиҳои хунхор тарроњї гардидааст. Натиљаи тафтишот ва маќолањое, ки дар сомонањои интернетї нашр шуданд, дигарбора њамаро мутмаин сохт, ки ин амал аз љониби кї роњандозї гардидааст. Даст доштани ТТЭ ҲНИ дар ин ҷиноят исботи худро ба пуррагӣ ёфтааст. Ҳарчанд Мирзои Салимпур идао дорад, ки “бо гузашти як сол далелҳои шайъие ироа карда натавонистанд, ки даст доштани ҲНИ дар ин ҳамларо собит кунанд”, аммо ҳамагон медонанд, ки он ҷинояткорон маҳз парвардаи дасти ТТЭ ҲНИ бунданд. Додситони кулли Тоҷикистон ҳам дар як изҳорот гуфта буд, ки ТТЭ ҲНИ ин ҳамларо махсус зери пушиши парчами ДИИШ анҷом додааст, то гумонро аз худ дур кунад. Маълум аст, ки байни қотилони ифротии ДИИШ ва ТТЭ ҲНИ ягон фарқияте вуҷуд надорад. Онҳо ҳар ду ҳам яз як идеология, яъне исломи сиёсӣ, кор мегиранд ва ин барои ҷинояткорон равшан буд.
Миллати тољик бо мењмоннавозї ва мењмондўстї дар байни ќавму миллатњои дигар фарќ мекунад. Ў њељ гоњ намегузорад, ки нисбат ба мењмон заррае њам бошад, бењурматї ё беэътиної зоњир гардад. Бо вуљуди он ки ин амали нангинро ташкилоти террористии ДИИШ ба зима гирифта буд, вале ба њамагон маълум аст, ки њизби ТТЭ ҲНИ бо ин ташкилоти террористиву экстремистї робитаи зич дорад ва аксарияти нањзатиён пайрави ақидаҳои раҳбарияти ДИИШ мебошанд. Њадаф ва маќсади ташкилоти террористии нањзатї аз ин амали нангин, аз он иборат буд, ки дар байни љомеаи љањонї хавфу хатар эљод кунад ва нагузорад, ки сайёњони хориљї дигар ба Љумњурии Тољикистон сафар кунанд. Бо ин роњ мехостанд, ки Љумњурии Тољикистон дар роњи интихобкардаи худ, яъне муаррифии соли сайёњї ба нокомї ва номуваффаќиятї дучор гардад.
Бо кўшиш ва љањду талоши пайвастаи маќомот ва кормандони њифзи њуќуќ љинояткорони ин њодиса дастгир ва ба мањкама кашида шуданд. Љумњурии Тољикистон тавонист љомеаи љањониро мутмаин созад, ки дар њаќиќат кишвари сайёњист. Дигар ба чунин бетартибї ва беинтизомї, ки аз љониби хоинони миллат, яъне ташкилоти нањзатиёни террорист рух дод, роњ намедињад. Имрӯз кишвар қавӣ аст ва мардум пуштибони асосии он аст. Ин заминасози оромиву ваҳдат аст ва метавонад шумораи сайёҳонро пайваста зиёд намояд.
Айни замон ин душманон ва хоинони миллат, яъне ташкилоти террористии нањзатї дар хориљ аз кишвар ба бадномсозии давлати худ машѓул буда, даст ба иѓвоангезї ва тафриќаандозї мезананд ва кўшиш доранд, ки давлат ва миллати тољикро дар љањон ба таври манфї муаррифї кунанд. Ин мақсади доимии гуруҳи ҷинояткори мазкур аст. Аз ҳамин сабаб онҳо куштори саёҳонро дар як соли пеш тарҳрезӣ карда, бо дасти ҷавонони гумроҳ амалӣ карданд. Мирзои Салимпур бояд мантиқан андеша мекард ва баъд менавишт. Он гоҳ ин хел шарманда намешуд.
Набояд фаромуш кард, ки барои гуруҳи террористии ҲНИ њељ чиз арзиш надорад, онњо ба хотири ба даст овардани сарват ва ќудрат ба њар кор даст мезананд. Куштори сайёҳон ҳам барои онҳо як амали маъмулӣ буд. Террористон бори дигар чеҳраи худро нишон доданд. Агар Мирзои Салимпур аз руйи ҷаҳлу нодонӣ идао мекунад, ки гуноҳи онҳоро собит накарданд, пас бояд аз сари нав ба омӯзиши қазия даст занад. Лекин агар барои гумроҳ кардани хонандааш, ҳадафмандона навишта бошад пас ин ҳам ба монанди Ҳусейн Абдусамадов дар хизмати ТТЭ ҲНИ қарор гирифтааст, ки ояндааш дигар норавшан аст.
Хуршеди Мурод, таҳлилгар
Шарҳ нест