28 июл дар толори мақомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич нишасти матбуотии Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба иҷроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, таҳти №АП 1677 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ, ки ба натиҷаи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2025 бахшида шуд, кормандони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси ноҳия оид ба вазъи соҳаҳои гуногун ва натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Деваштич дар нимсолаи аввали соли 2025 маълумот дод. Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд андешида, барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуд.
Ашуралӣ Ҷалилзода дар баромади худ нисбати вазъи кунунии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия, мисли соҳаҳои тандурустиву маориф, фарҳанг, варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ мавриди қайд қарор дода шуд.
Дар нишасти матбуотӣ ба Раиси ноҳия аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма саволҳо пешниҳод гардид ва посухҳои мушаххас дода шуд.
Нишасти матбуотӣ бо пешниҳоди дастуру супоришҳо аз ҷониби Раиси ноҳия ҷиҳати инъикоси саривақтии воқеъбинонаи ҳаёти ҷамъиятӣ дар саҳифаҳои васоити ахбори умум кори худро анҷом дод.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки рӯзноманигорон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ дастоварду муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро инъикос намуда, дар бартарафсозии мушкилоти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
















Шарҳ нест