Вокуниш ба мақолаи рӯзномаи «Тоҷикистон» №21 (1324) аз 22 майи соли 2019 «Деваштич ба куҷо менигарад?»
Хабарҳо / 10.06.2019

Маводи чопшуда дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мавриди баррасӣ қарор гирифта шуда, далелҳои зерин барои равшанӣ андохтан ба асли масъала пешниҳод карда мешавад. Шаҳрванд Абдуллоева Зайнура Атавуллоевна – дар деҳаи Равоти Ҷамоат деҳоти Ваҳдат санаи 03.04.1982 ба дунё омадааст. Соли 2007 бе ба қайд гирифтани ақди никоҳ бо шаҳрванд Урунов Абдувоҳид Ҷӯраевич сокини деҳаи Қалъаи Дӯст оила барпо мекунад. Бале, бе ба қайд гирифтани ақди никоҳ. Шавҳари Зайнура-Ӯрунов Абдувоҳид моҳи январи соли 2015 бо маводи мухаддир ба даст афтода, бо моддаи 200 қисми 4 аз озоди маҳрум мешавад. Дар боло қайд кардем, ки ин оила бидуни бе ба қайд гирифтани ақди никоҳ барпо карда шудааст. Имрӯз яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин ба чунин хатогӣ роҳ додани волидон ва оилабарпокунандагон мебошад. Зеро маҳз аз ҳамин сабаб ягон мақомотҳои ҳуқуқӣ ба Зайнура аз рӯйи даъво аз хонаводаи шавҳараш қисматеро ҷудо карда наметавонад. Бо вуҷуди ин дар давоми зиёда аз 4 сол дар маҳбас будани шаҳараш муроҷиатҳои чандинкаратаи Зайнура дида баромада шуда, чораҳои мушаххас андешида шудааст. 1. Дар соли 2015 ва моҳҳои январ-феврали соли 2016 борҳо бобати ба муросо андохтани Абдуллоева Зайнура бо хушдоманаш-Урунова Хосият корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи фаъолони Ҷамоат бурда шудааст. Аммо ҳар дафъа тарафҳо ба ҳам ҷанҷол…

Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.
Хабарҳо / 22.05.2019

  Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Точикистон дар  варзишгоҳи марказии як тантанаи бошукухе доир гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мақсудзода Фаррух, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, намояндагони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту корхонаҳо ва гуруҳи зиёди ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд. Чорабиниро Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ифтитоҳ намуда, кулли ҷавонони шарафманди ноҳияро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод кард. Дар суханронӣ қайд гардид, ки ҷавонони ноҳия дар пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазое доранд. Намояндаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мақсудзода Фаррух табрикоти вазифаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саъми ҳамагон расонид. Ҳамзамон Сипосномаҳои Раиси ноҳия ба як қатор ҷавонон қадршиносӣ гардиданд. Баҳри болидахотирии сокинон ва ҷавонон барномаи фарҳангӣ бо иштироки Рустам Азимӣ пешкаш карда шуд. Ҷавонони ноҳия аз ин иқдом басо шод гардида,  руҳияи тозаи идонаро ба худ касб намуданд.

Ҷинояткор тарбият нахоҳад шуд.
Хабарҳо / 20.05.2019

Шоми 19 май соати 20:30 як гурӯҳи зиндониҳое, ки бо содир намудани ҷиноят, аз қабили ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ”, пайравӣ ба ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ ва ифротгаро  зиндонӣ гардидаанд,  “бо ашёи тезу буранда” мусаллаҳ шуда бо нозирони маҳбас хостанд заду хурд намуда, аз зиндон гурезанд. Тибқи баёнияи Вазорати адлия зиндониён ба даъвати нозирони муассисаи ислоҳӣ оид ба қатъ намудани бетартибӣ итоат накарданд. Онҳо бо корду ашёи тези доштаашон ба кормандони муассиса ҳуҷум намудаанд. Аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ чорахои катъи дида шуд ва ҳангоми ба низом даровардани реҷаи интизоми дохилӣ, дар байни маҳбусони хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст. Бояд қайд намуд, ки муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат воқеъ буда, маҳбусон бо баҳони муноқиша мехостанд аз зиндон гурезанд. Ҳангоми мусаллаҳ гардидану заду хурд ва гаравгон гирифтани нозирон бо ашёи тезу бурранда 3 нафар нозирони муассисаро ба қатл расониданд ва нақшаи гурехтани онҳо барбод рафт. Дар асл он шахсоне, ки ба қадри озодии хеш ва тинҷиву оромии Ватан нарасида даст ба ҷиноятҳои сангин заданд, алалхусус шахсоне, ки имрӯзҳо бо ҷурми хиёнат ба Ватан, ташкили гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва пайравӣ ба амалҳои онҳо ҷиноят содир намудаанд, на ҳамаи онҳо дар маҳбасҳо ислоҳ…

Таҷлили рӯзи умумиҷаҳонии оила.
Хабарҳо / 16.05.2019

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии оила як қатор тантанаҳо дар ноҳияи Деваштич баргузор гардид, ки дар он оилаи намунавии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд. Дар Қасри фарҳанги ба номи А.Рӯдакӣ раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва як гуруҳ шахсиятҳои шинохтаву барӯманду рӯзгордидаи ноҳия ташриф оварданд. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода барои ташкили чорабинии идона, тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ изҳори сипос намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро баён намуд. Аз ҷумла, дар суханрони қайд намуд, ки бо ташаббуси созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оила ва солимии он дар ҷомеаи имрӯза ба як ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар чорабинӣ оилаҳои намунавӣ аз ҳаёту фаъолияти худ ба иштирокдорон маълумотҳои ҷолиби диққатро нақл намуданд. Инчунин фаъолзанон дар боари солимии оилаҳо, тарбияи фарзандон дар назди ҳозирин андешаҳои хешро изҳор карданд. Барномаи фарҳангии кормандони бахши фарҳанги ноҳия хотири иштирокдоронро болида сохт. Ба 8 ҷуфти оилаҳои намунавии ноҳия, ки аз 5 то 50 сол зиндагии муштарак доранд, туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода супорида шуд.

Аёдати идонаи сарбозону афсарон.
Хабарҳо / 09.05.2019

Бахшида ба таҷлили сазоворонаи Рӯзи Ғалаба  дар қисмҳои ҳарбии 0214-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва 04533-и Қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи дар ноҳияи Деваштич буда, бо иштироки Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи дар ноҳиябуда  аёдати сарбозону афсарон  баргузор гардид. Раиси ноҳия аз вазъи воқеии ҳардуи қисмҳои низомӣ аз наздик дидан намуд. Дар чорабинӣ раиси  ноҳия Зиёзода Сулаймон кулли сарбозону афсарон ва ҳайати шахсиро ба Рӯзи Ғалаба муборакбод намуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Шумо ҷавонписарон дарси мардонагиву шуҷоатро дар айёми хизмати ҳарбӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани Ватанро аз худ менамоед. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони Шумо худ дарк намудаанд, ки хизмат ба Ватан муҳимтарин қазри шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. ҳамасола сафи ихтиёриён зиёд гардидааст. Инчунин худи ҳаминрӯз бо иштироки волидони сарбозон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ савгандёдкунии наваскарон низ доир шуд. Барои сарбозону афсарон барномаи фарҳангӣ ва дастурхони идона ороста шуд.

Таҷлили Рӯзи Ғалаба
Хабарҳо / 09.05.2019

Чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 74-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо гузоштани гулчамбар ба пояи нимпайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Урунбек Ёқубов оғоз гардид. Баъдан дар хиёбони Исмоили Сомонӣ таҷлили Иди Ғалаба бо иштироки Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Осим Каримзода, иштирокчиёни ҶБВ, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони байналмилал,  иштирокчиёни садамаи Чернобил, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту корхонаҳо , муассисаҳои тандурустиву таълимӣ ва гуруҳи сокинои ноҳия ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо гузоштани гулчамбар ифтитоҳ ёфт. Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ҳамагонро бо ин санаи басо ҳаётан муҳим табрику муборакбод намуда, доири хизматҳои шоёни ҷанговарон суханҳои наҷибро вирди забон овард. Инчунин намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Осим Каримзода паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саъми ҳамагон расонид. Баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангии аҳли санъати ноҳия пешкаш карда шуд.

Фитнаҳои бунёди ҲНИ.
Хабарҳо / 09.05.2019

Ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷи кишвар дар паноҳи хайрхоҳони хориҷиашон истода, бо ҳар роҳу восита аз зери нохун чирк кофта, нисбати Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки рӯ ба тараққӣ ниҳода, ба сӯи ободкориҳо суботкорона пеш меравад, туҳмату буҳтони ғаразнок мезананд. Мардуми кишварамон шукронаи Истиқлолият, шукронаи ваҳдати миллӣ мекунанд, ки тӯли чоряк асри баъди Истиқлолият ба пешравиҳои калони иқтисодию иҷтимоӣ ноил шуда, дар ҳар деҳаву маҳалла бунёдкориҳо чунон босуръат пеш рафт, ки мислашро насли калонсол надида буд. Пас кадом чиз барои наҳзатиҳо боиси норозигист. Оё ин ношукрӣ нест, ки чунин давлату чунин шароитҳоро нодида гирифта ба ҷойи дар ободонию шукуфонии кишвар саҳм гузоштан даст ба дасисабозӣ мезананд? ҲНИ баробари ҳизбҳои дигар дар интихоботи порлумонӣ иштирок мекард, шароитҳои хуб дошт…. Аз тарафи ТТЭ ҲНИ, ки бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буд, ҷиноятҳои зиёд содир шуданд. Саркардагони ҲНИ бо пуштибонӣ аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои калони гирифтаашонро бо мақсадҳои разилонаи тарҳрезишудаи онҳо масраф карда, вазъи орому осудаи ҷумҳуриро ноором карданӣ мешаванд. Аммо дигар ба мақсадҳои худ нахоҳанд расид. Зеро ҳаркӣ бадхоҳи халқу миллати хеш аст, оқибат хору зор хоҳад шуд. Ш. Ашӯров, омӯзгори МТМУ № 15, ноҳияи Деваштич

Ҳама офоқ пур аз фитна…
Хабарҳо / 07.05.2019

Тайи солҳои охир баъзе намояндагони созмонҳои дохиливу хориҷии аҳзоби сиёсӣ ва ҷунбишҳои ҷомеаи кунунӣ ба мақоми давлату миллати тоҷик сару садоҳои иғвогарона баланд мекунанд. Шахсону гурӯҳҳои алоҳида мехоҳанд бо дасисаву моҷаро бо ҳар роҳу восита вазъияти ороми ҷомеаро халалдор созанд. Сиёсат аҷаб бозиест, мушкил, лекин ин ҳодисаҳо ягон шахси ватандӯстро бетараф мононда наметавонад. Онҳо бо ин ақидаҳои номатлуби хеш мехоҳанд мафкураи инсонро заҳролуд гардонида, байни мардуми мусалмон низоъ андозанд. Магар онҳо намедонанд, ки фарди мусалмон дар кадом вазифае набошад, фарзу суннатҳои дини Исломро мепарастад. Зеро китоби муқаддаси мусалмонон дар тинату сирати инсон ҷо гирифта, ӯро ба роҳи нек ҳидоят месозад. Оё онҳо намедонанд, ки дар хонадони ҳар як мусалмон китоби «Қуръон» муқаддас дониста шуда, онро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд? Онҳо магар намедонанд, ки ин китоб барои мо мусалмонон азиз ас? Ин ифротиён худ аз азиз будани дини Ислом ва китоби «Қуръон» ҳарф мезананду як умр Исломро дар ҳамон деги сиёсати ифлос меҷӯшонанд. Онҳо фарде ҳастанд, ки садоқату вафодориро намедонанд, ба қадри некиҳо намерасанд. Бо ақидаҳои нодуруст ва гуфторҳои бардурӯғи худ шахсоне, ки баҳри Ватан, ободиву созандагӣ сулҳу ваҳдат саҳмгузоранд, байни халқ айбдор сохтанианд. Онҳо бояд донанд, ки мардуми ватандӯсту сулҳпарвари тоҷик ҳеҷ гоҳ ба дасисаҳои бардурӯғу фитнаангез бовар намекунанд….

Фитнаангезии аъзоёни ҲНИ моро фирефта намесозад
Хабарҳо / 07.05.2019

Кишвари босуботи мо баҳри ҳифзи амният, пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуби ифротгароиву идеологияи фитнаангез Стратегияҳои мукаммали миллӣ қабул гардидаанд, ки дар асоси он муқовимат бо экстремизму терроризм, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои вазнини хиёнат ба Ватан ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ наҳзатиёни фитнаангез худро гӯё бегуноҳ ҳисобида, мехоҳанд худро сафед кунанд, лекин ҳамаи мо он рӯзҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки ба сари мо хиёнаткорон оварда буданд, фаромӯш нахоҳем кард. Ба қавле, хоҷагони бурунмарзии онҳо хостанд, ки суботу оромии кишварро халалдор намуда, давлати тозаистиқлоли моро пора-пора кунанд. Аммо ин нақшаи сиёҳи онҳо амалӣ нагашт, зеро халқи тоҷик бо иродаи қавӣ ва хиради бузург тавонист, ки аз ин нохалафон таъриху фарҳанги худро ҳифз намояд. Фитнаангезиву иғвоҳои аъзоёни ҲНИ ва хоҷагони бурунмарзиашон наметавонад ба тафаккури мо таъсир расонад. Зеро имрӯз мо ҳама якдилу муттаҳидем ва баҳри ҳимояи Ватани маҳбуби худ ҳамеша омода ҳастем. Инак, вақти он расидааст, ки ҳар яки он хиёнаткорони Ватан барои гуноҳашон ҷавоб гӯянд. Зеро ҷанги шаҳвандии таҳмилӣ, ки бо нақшаи кашидаи фарзандони фурухташудаи тоҷик рӯйи кор омада буд, бо мушкилиҳои зиёд паси сар шуд. Дар ҷаҳони муосир бояд ҳар як фарди худшиносу худогоҳ, меҳанпарасту ватандӯст ҳамеша омодаи ҷавоб ба ин гуруҳу созмонҳои ифротгаро…