Дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони маҳбубамон фестивали «Сайри гули лола», ки яке аз рукни таърихии аҷдодии миллати тоҷик маҳсуб меёбад баргузор гардида истодааст. Мақсад аз баргузории ин чорабинии фарҳангӣ эҳёи суннатҳои аҷдодӣ, дӯст доштани табиат ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии сокинон мебошад. Ноҳияи Деваштич низ як гӯшаи зебоманзари Ватани азизамон буда, бо табиати дилнишину назаррабояш қалби ҳар бинандаро ба худ мафтун месозад. Бо ҳамин мақсад бахшида ба фестивали «Сайри гули лола» дар мавзеи деҳаи Анбарини Ҷамоати деҳоти Муҷун ҷамъомади ботантана ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур як қатор бонувон, хонандагон таҳти роҳбарии мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич либосҳои миллии атласу адрас ва чакан ба бар иштирок намуданд. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода ба тамоми иштирокчиён аввалан дар мавриди тинҷиву оромии ватани маҳбубамон, ки бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ҳарф зад. Қайд карда шуд, ки моро зарур аст барои пос доштани ҳамаи фарҳангу тамаддун ва анъанаҳои миллӣ, тарбияи насли наврас, ободониву бунёдкории ҳар гӯшаи диёри азизамон меҳнати содиқона намоем. Дар чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда, дар қисмати фарҳангии фестивали «Сайри гули лола» намояндагони бахши фарҳанг бо суруду рақс ва шоираи халқии Тоҷикистон…
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун шинос гардид. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои марбут ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият имрӯзҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмони муассисаи томактабии ҷамоат бо 240 ҷой идома дорад. Фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчӣ ширкати “Суғдсохтмонсоз” мебошад. Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳо, зиёд намудани шумораи сохтмончиён, кабудизор ва чароғонкунии атрофи бино дастуру супоришҳо дод. Сипас, Раиси вилоят раванди корҳои сохтмониро дар маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Яхтан мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Аснои шиносоӣ таъкид гардид, ки иншооти соҳаи тандурустӣ баҳри беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ бунёд шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 нафар кормандони соҳаи тиб бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, маркази саломатӣ тибқи лоиҳа дорои 8 ҳуҷра мебошад. Харҷномаи лоиҳавии иншоот наздик ду миллион сомониро дар бар гирифта, то ба имрӯз ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудааст. Дар идомаи боздиди корӣ Раиси вилоят ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Нозироти андоз, бинои Маркази адлия, бинои…
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мулоқоти раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода бахшида ба ёдбуди хотираи бартарафкунандагони садамаи Чернобел баргузор гардид. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода ҳамаи иштирокчиёни садамаро табрик намуда, барои хизматҳои онҳо миннатдории хешро изҳор намуд. Инчунин қайд гардид, ки барои дар руҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас хизматҳои Шумо ҳамчун мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ ба ҳисоб меравад. Раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Даврон Эргашов барономад намуд. Инчунин аз номи ҳамаи чернобелчиён А.Ғаффоров барои ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии хешро изҳор намуд. Инчунин барои қадршиносии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ҳамасола доир мегардад арзи сипос кард. Ба иштирокчиёни садамаи Чернобел медалҳои ҷашнӣ, мукофотҳои пулӣ, тӯхфаҳои хотиравӣ ва дастурхони идона ташкил карда шуд.
Тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода бо донишҷуёни Донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе таҳсил менамояд баргузор гардид. Мулоқот дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки гуруҳи меҳмонон ва шахсони барӯманди ноҳия, ки дар маркази ҷумҳурӣ кору фаъолият менамояд аз ҷумла вакили МНМО Исмоилзода Зуфар, Латофат Кенҷаева ва Зулфия Атоӣ доир гардид. Мулоқотро муовини Маҳмадёрзода Усмон ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Маҳмадёрзода Усмон ифтитоҳ намуд. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода зимни баромад аз донишҷӯён даъват ба амал оварда қайд намуд, ки аз Шумо донишҷуён мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия умедвории басо муҳим дорад. Зеро ҳар яки Шумо баъди хатми донишгоҳ соҳиби маълумот гардида, баҳри пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми арзандаи худро хоҳед гузошт. Инчунин барои донишҷуёни кабизоат ва ятим кӯмакпулии яквақта ва барои донишҷуёни фаъол Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустӣ Мақсудзода Фаррух, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ноҳиявӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимию табобатии ноҳия, раисони хоҷагиҳои кишоварзӣ, раисони Шӯрои маҳаллаҳо ва имомхатибони ноҳия баргузор гардид. Муовини аввали раиси ноҳия Абдумалик Ҳодиев ба ҳозирин «Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар 3 моҳи аввали соли 2019» ахбороти муфассал дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба солҳо 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» фаъолияташро ба роҳ монда, барои корҳои созандагиву бунёдкориро идома дода истодааст. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода аз масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия барои иҷро гардидани дастуру супоришҳо, корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҷлили сазоворонаи ҷашнҳои миллӣ ва дигар масъалаҳо пурсон шуд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустии Мақсудзода Фаррух аз дастовардҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Барои иҷрои сарвақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Иҷлосияи навбатии маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич бо иштироки муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сарварони ташкилоту корхона, муассисаи таълимию тандурустӣ, кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон, баргузор гардид. Иҷлосия бо тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2019, №1199 “Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич таъин намудани Зиёзода Сулаймон Ризоӣ” оғоз гардид. Аз рӯйи масъала “Дар бораи рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 декабри соли 2010, №417 “Дар бораи татбиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020» муовини раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода баромад намуд ва мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Инчунин доир ба масъалаи мазкур муовини менеҷери КАТС-и ноҳия К.Саидова,раиси Ҷамоати деҳоти Ваҳдат Н.Носиров ва менеҷери КАТС-и ноҳия Г.Баротова баромад намуданд. Аз ҷониби раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода аз масъулин пурсиш ба амал омада барои ҳалли муаммоҳо дастур дода шуд.
Чун анъана, баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳия «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ» ба тасвиб расида, даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид. Дар маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуда роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, намояндагони Ҷамоатҳо, гурӯҳи сарбозони қисмҳои низомии дар ноҳия буда, хонандагони мактабҳо, падару модарон ширкат варзиданд. Имрӯз барои адои қарзи фарзандӣ 80 нафар ихтиёриён аз ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба хизмати Модар-Ватан омода шуда, сафи ихтиёриёнро пурра намуданд. Қайд бояд намуд, ки сафи ин гуна ҷавонони ватандӯст мувофиқи ноҳия сол ба сол зиёд гардида истодааст. Дар рӯзи аввали гусел натиҷаи фаъолияти якҷояи масъулини соҳа, кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолони деҳаҳои ноҳия назаррас мебошад. Маросими гусел бо гузоштани гулчамбар дар пояи муҷассамаи Сарбози Ватан ва суханронии раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ифтитоҳ шуд. Дар суханронии раиси ноҳия қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода менамоянд. Инчунин раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ба ҷавонони…
Бахшида ба солҳои 2019-2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Далёни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол ба истифода дода шуд. Майдончаи мазкур аз ҷониби соҳибкори деҳа Неъматулло Раҳматов бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Дар ифтитоҳи он раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атҳам Абдуллозода ва раиси иттифоқи касабаи кормандони маорифи вилояти Суғд Мӯсобек Миработов иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки ин иқдом барои тарғиби тарзи ҳаёти солими насли ҷавон басо муҳим мебошад. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода ба саҳмгузории соҳибкор Н.Раҳматов барои ободонии деҳа миннатдорӣ изҳор намуда, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич қадршиносӣ гардид.
Наврӯз ин бедоршавии табиат, оғози кишту кор мебошад. Ҳамасола Наврӯз бо як хусусияти ба худ хос дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Маврид ба ёдоварист, ки имсол бо иштироки як қатор меҳмонон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов таҷлили Наврӯз дар ноҳияи Деваштич бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки меҳмонон ба якқатор собиқадорон туҳфаҳои идона супорида шуд. Баъдан меҳмонон аз хаймаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намоиши ҳунарҳои дастӣ ва бозиҳои миллӣ дидан намуданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ба сухан баромада, ташрифи меҳмононро ба ноҳия хайру мақдам намуд. Инчунин аз рафти корҳои ободонии минбаъдаи ноҳия ҳарф зада кулли сокинонро бо Наврӯзи хуҷастапай муборакбод намуд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов аз номи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамаи сокинони ноҳияро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал таҳният гуфтанд. Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангин, савту суруд ва рақсҳои ҷолиби хеш ба ҳамагон руҳу илҳоли тозаи идона бахшиданд. Дар охир аз номи иҷрокунандаи вазифаи раиси…
Бо мақсади иҷрои дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазоворона таҷлил намудани ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ» дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар ноҳия баргузор гардид. Маврид ба ёдоварист, ки баҳри оммавӣ гардонидани варзиш ва солимии ҷомеа дар мадди аввали назари Сарвари мамлакат қарор дорад. Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ бо сухани ифтитоҳии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон оғоз гардид. Аз ҷулма, раиси ноия ҳамагонро бо ҷашни Нарӯзи байналмилалии дар пешистода табрику муборакбод намуд. Дар дави наврӯзӣ ҳамаи ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ширкат варзиданд, ки зиёда аз 2000 нафарро дарбар мегирифт. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич қадршиносӣ гардиданд.