Штрихи к портрету Мухиддина Кабири“Скажи мне кто твой друг, и я скажу кто есть ты”Русская народная пословицаШтрих 1 – Саидюнуси Истаравшани
Мулоқот бо зиёиёни вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич 21.08.2019 , ноҳияи Деваштич
В СМИ промелькнуло сообщение о том, что «КНР готовит из Таджикистана форпост для отражения внешней террористической угрозы».
В сети Интернет периодически появляются серии заказных критических статей, в которых предпринимаются попытки умышленно исказить реальные успехи Таджикистана, идущего по пути созидательного развития под мудрым руководством Основателя мира и национального согласия-Лидера нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона.
Дар солгарди қатли чор сайёҳи хориҷии дучархасавор дар ноҳияи Данғара сомонаи “Ахборком” матлабе нашр кардааст, ки дуруғу фитнаангез аст.
Ӯ зане буд озода ва дигарандеш ва аз башараи сиёҳпӯшонидоишӣванаҳзатӣбезорбуд. Озод зист ва озод реҳлат кард. Дар Ватани худ ҷоно ба ҷонофарин супорд.
Маводи чопшуда дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мавриди баррасӣ қарор гирифта шуда, далелҳои зерин барои равшанӣ андохтан ба асли масъала пешниҳод карда мешавад. Шаҳрванд Абдуллоева Зайнура Атавуллоевна – дар деҳаи Равоти Ҷамоат деҳоти Ваҳдат санаи 03.04.1982 ба дунё омадааст. Соли 2007 бе ба қайд гирифтани ақди никоҳ бо шаҳрванд Урунов Абдувоҳид Ҷӯраевич сокини деҳаи Қалъаи Дӯст оила барпо мекунад. Бале, бе ба қайд гирифтани ақди никоҳ. Шавҳари Зайнура-Ӯрунов Абдувоҳид моҳи январи соли 2015 бо маводи мухаддир ба даст афтода, бо моддаи 200 қисми 4 аз озоди маҳрум мешавад. Дар боло қайд кардем, ки ин оила бидуни бе ба қайд гирифтани ақди никоҳ барпо карда шудааст. Имрӯз яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин ба чунин хатогӣ роҳ додани волидон ва оилабарпокунандагон мебошад. Зеро маҳз аз ҳамин сабаб ягон мақомотҳои ҳуқуқӣ ба Зайнура аз рӯйи даъво аз хонаводаи шавҳараш қисматеро ҷудо карда наметавонад. Бо вуҷуди ин дар давоми зиёда аз 4 сол дар маҳбас будани шаҳараш муроҷиатҳои чандинкаратаи Зайнура дида баромада шуда, чораҳои мушаххас андешида шудааст. 1. Дар соли 2015 ва моҳҳои январ-феврали соли 2016 борҳо бобати ба муросо андохтани Абдуллоева Зайнура бо хушдоманаш-Урунова Хосият корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи фаъолони Ҷамоат бурда шудааст. Аммо ҳар дафъа тарафҳо ба ҳам ҷанҷол…
Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Точикистон дар варзишгоҳи марказии як тантанаи бошукухе доир гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мақсудзода Фаррух, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, намояндагони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту корхонаҳо ва гуруҳи зиёди ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд. Чорабиниро Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ифтитоҳ намуда, кулли ҷавонони шарафманди ноҳияро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод кард. Дар суханронӣ қайд гардид, ки ҷавонони ноҳия дар пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазое доранд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мақсудзода Фаррух табрикоти вазифаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саъми ҳамагон расонид. Ҳамзамон Сипосномаҳои Раиси ноҳия ба як қатор ҷавонон қадршиносӣ гардиданд. Баҳри болидахотирии сокинон ва ҷавонон барномаи фарҳангӣ бо иштироки Рустам Азимӣ пешкаш карда шуд. Ҷавонони ноҳия аз ин иқдом басо шод гардида, руҳияи тозаи идонаро ба худ касб намуданд.
Шоми 19 май соати 20:30 як гурӯҳи зиндониҳое, ки бо содир намудани ҷиноят, аз қабили ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ”, пайравӣ ба ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ ва ифротгаро зиндонӣ гардидаанд, “бо ашёи тезу буранда” мусаллаҳ шуда бо нозирони маҳбас хостанд заду хурд намуда, аз зиндон гурезанд. Тибқи баёнияи Вазорати адлия зиндониён ба даъвати нозирони муассисаи ислоҳӣ оид ба қатъ намудани бетартибӣ итоат накарданд. Онҳо бо корду ашёи тези доштаашон ба кормандони муассиса ҳуҷум намудаанд. Аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ чорахои катъи дида шуд ва ҳангоми ба низом даровардани реҷаи интизоми дохилӣ, дар байни маҳбусони хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст. Бояд қайд намуд, ки муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат воқеъ буда, маҳбусон бо баҳони муноқиша мехостанд аз зиндон гурезанд. Ҳангоми мусаллаҳ гардидану заду хурд ва гаравгон гирифтани нозирон бо ашёи тезу бурранда 3 нафар нозирони муассисаро ба қатл расониданд ва нақшаи гурехтани онҳо барбод рафт. Дар асл он шахсоне, ки ба қадри озодии хеш ва тинҷиву оромии Ватан нарасида даст ба ҷиноятҳои сангин заданд, алалхусус шахсоне, ки имрӯзҳо бо ҷурми хиёнат ба Ватан, ташкили гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва пайравӣ ба амалҳои онҳо ҷиноят содир намудаанд, на ҳамаи онҳо дар маҳбасҳо ислоҳ…
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии оила як қатор тантанаҳо дар ноҳияи Деваштич баргузор гардид, ки дар он оилаи намунавии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд. Дар Қасри фарҳанги ба номи А.Рӯдакӣ раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва як гуруҳ шахсиятҳои шинохтаву барӯманду рӯзгордидаи ноҳия ташриф оварданд. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода барои ташкили чорабинии идона, тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ изҳори сипос намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро баён намуд. Аз ҷумла, дар суханрони қайд намуд, ки бо ташаббуси созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оила ва солимии он дар ҷомеаи имрӯза ба як ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар чорабинӣ оилаҳои намунавӣ аз ҳаёту фаъолияти худ ба иштирокдорон маълумотҳои ҷолиби диққатро нақл намуданд. Инчунин фаъолзанон дар боари солимии оилаҳо, тарбияи фарзандон дар назди ҳозирин андешаҳои хешро изҳор карданд. Барномаи фарҳангии кормандони бахши фарҳанги ноҳия хотири иштирокдоронро болида сохт. Ба 8 ҷуфти оилаҳои намунавии ноҳия, ки аз 5 то 50 сол зиндагии муштарак доранд, туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода супорида шуд.