Рӯзҳои охир Ҳаракати Толибон, ки қисми бештари Афғонистонро таҳти тасарруфи худ даровардааст, мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Баъзе ҳангомаҷӯёну фурсатталабон, махсусан наҳзатиҳои ифротӣ вазъиятро ба таври ғайривоқеӣ тафсир карда, мехоҳанд дар ҷомеа таҳлука барангезанд ва мардумро аз Толибон тарс диҳанд.
ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 июли соли равон 347 нафар сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла 91 мард, 77 зан, 177 ноболиғ (64 писар, 113 духтар) барои ҳифзи ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳаракати «Толибон», хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти «Кизил-Работ»-и ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Ҳангоми гузаштан аз сарҳади давлатӣ 2 нафар ноболиғи то 2 сола фавтиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад.
Зилзилаи шадиде, ки имрӯз, соати 7,30-и субҳ дар кишвар ба вуқӯъ пайваст, дар минтақаи Рашт якчанд хонаҳои истиқоматӣ ва аҳолиро зарари моддиву ҷонӣ расонд.
Зилзилаи субҳи имрӯз ба сари мардуми ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод омада хисороти ҷониву молӣ ба пай дошт. Дар натиҷа якчанд хонаи истиқоматии маҳалҳои аҳолинишин ва сокинони навоҳии мазкур зарари ҷониву молӣ диданад. Ба гуфтаи маенбаъ 4 нафар ба ҳалокат расидааст.
Субҳи 10-уми июли соли 2021 дар минтақаи Рашт заминларза ба вуқӯъ омад. Аз он сокинони деҳаҳои Бустон, Кули Калон ва Саричашмаи ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи н.Тоҷикобод, деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷборак ва Аскалони н.Рашт зарари молию ҷонӣ диданд.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки соати 18:00-и рӯзи 4-уми июли соли 2021, гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бидуни амалиёти ҷангӣ ишғол намуданд.
Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан сообщает, что 4-го июля 2021 года в 18:00 часов вооружённая группа движения «Талибан» захватила без боя уезд Хохон провинции Бадахшан Исламской Республики Афганистан.
Today at 18:00, an armed group of the Taliban movement occupied the Khwahan County of Afghan Badakhshan Province without a fight, reports the Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan.
ДУШАНБЕ, 03.07.2021. /НИАТ «Ховар»/. Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан сообщает, что 3-го июля 2021 года в 18:30 минут обстановка на территории села Овез уезда Хохон, уезда Шахрибузург и села Зираки уезда Рогистон провинции Бадахшан Исламской Республики Афганистан осложнилась. Названные районы были полностью захвачены движением “Талибан”. В ходе боестолкновений движение “Талибан” также захватило пограничную комендатуру “Овез” уезда Хохон. Свыше 300 военнослужащих Вооружённых сил Исламской Республики Афганистан после ожесточённого сопротивления, в целях сохранения личного состава пересекли государственную границу РТ через охраняемый участок границы между 5-ой погранзаставой “Истиклол” и 6-ой погранзаставой “Саригор” Погранотряда «Ш.Шохин». Пограничники Республики Таджикистан, руководствуясь принципами гуманизма и добрососедства, разрешили отступающим афганским военнослужащим перейти на территорию Республики Таджикистан. Обстановка на границе между Республикой Таджикистан и Исламской Республикой Афганистан находится под полным контролем пограничников РТ.
ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 3-юми июли соли 2021, соати 18:30 вазъият дар деҳаи Овези вулусволии Хоҳон, вулусволии Шаҳрибузург ва деҳаи Зиракии вулусволии Роғистони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мураккаб гардида, минтақаҳои номбурда аз тарафи ҳаракати “Толибон” тасарруф шуданд. Дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона ҳаракати “Толибон” комендатураи сарҳадии “Овез”-и вулусволии Хоҳонро низ ишғол намуданд. Бештар аз 300 нафар низомиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба муқовимати мусалаҳона тоб наоварда, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи муҳофизатии байни дидбонгоҳҳои 5-уми “Истиқлол” ва 6-уми “Сариғор”-и Отряди сарҳадии «Ш.Шоҳин» сарҳади давлатиро убур карда, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд. Сарҳадбонони тоҷик бо назардошти принсипи инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои воридшавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд. Вазъият дар марз байни Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.