Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо дар фазои тантанавӣ ва зери осмони мусаффои Ватан мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихору шодмонӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу амонии кишвар ҷашни байналмилалии Наврӯзро, ки муҷдарасони эҳёи табиат, баҳори гулрез ва оғози мавсими киштукор арзёбӣ мегардад, таҷлил менамоем.
Фарорасии ин ҷашни бостониро, ки бо қудуми хуҷастаи худ, ба қалбҳо шодиву нишот ва меҳру муҳаббати беандозаро эҳдо менамояд ва ба кулли сокинонро табрику муборакбод намуда, сиҳатмандиву осоиш ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем.
Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо ба хонадони ҳар як сокини кишвари азизамон бо қадамҳои сабзу баҳоронаи худ, ба меҳмонӣ омадааст, дар ҳақиқат дар байни расму оинҳо куҳантарин ва азизтарин суннатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ин ҷашни муборак, ки аз ҷониби аҷдодони мо асос гузошта шудааст, дар масири таърих на танҳо ба мардум, балки ба бисёр халқҳои олам пайки шодиву сурур, бахту саодат, шукуфоиву зебоӣ, оғози киштукор ва зиндашавии табиатро мерасонад.
Мо ифтихор аз он мекунем, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз ба ҳисоб рафта, маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати фарҳангпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат Наврӯзи оламафрӯз ҳамчун мероси бузурги фарҳангӣ эҳёи тоза гирифт.
Боиси ифтихор аст, ки дар баробари мардуми шарафманди кишвар сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Деваштич низ дар пойдории рукнҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои неки Наврӯзӣ саҳми арзанда гузошта меоянд.
Аз таҷлили ҷашни Наврӯз то Наврӯз дар ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, кишоварзони мо дар ганӣ гардонидани дастархони ҳамдиёрон саҳми муносиб гузоштанд.
Деҳқонони мо бо меҳнати пурсамар, истеҳсоли сабзавоту меваҳои баландсифат ва хусусан, бо парвариши картошка дар таъмини амнияти озуқавории кишварамон саҳми арзанда гузоштанд.
Боварии комил дорем, ки имсол низ ки кишоварзони меҳнатдӯсту соҳибтаҷрибаи диёр ҳар рӯзи баҳорро самаранок истифода бурда, барои ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ заминаи устувор гузошта, барои боз ҳам баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинони ҷумҳурӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.
Дар баробари ин, имрӯзҳо дар ноҳия корҳои созандаву бунёдкорӣ ба ҳукми анъана даромада, дар заминаи ҳидоятҳои муҳтарам Пешвои миллат бо мақсади беҳтар намудани шароити зисту зиндагонӣ ва таълиму тарбияи насли наврас соҳибкорону шахсони саховатпеша дар бунёди роҳҳо, биноҳои нави таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ камари ҳиммат бастаанд.
Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар кишвари соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил Наврӯзро таҷлил менамоем. Аммо шароит ва фазои сиёсиву низомии ҷаҳони муосир пешгӯиношаванда буда, буҳрони сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза аз ҳар як фарди бонангу номус, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳамеша омода бошанд ва тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.
Бо ибрози ниятҳои нек бори дигар кулли мардуми сарбаланду меҳнатдӯсти ноҳияро ба ифтихори Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик намуда, хонаи обод, иқболи нек, зиндагии орому осуда, меҳнати пурсамар ва ба Тоҷикистони азизамон Наврӯзиву фирӯзии ҷовидонаро таманно менамоем.
Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ нест