Бо мақсади қадршиносии кормандони васоити ахбори умум ва аҳли қалам ҳамасола саросари кишвари азизамон санаи 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ва иди касбии рӯзноманигорон таҷлил карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки матбуот ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, худшиносии комил, ҷаҳонбинӣ ва завқи мардум, пойдории адолату воқеъияти рӯзгор нақши муассир дорад.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи иттилоот дар соҳаҳои мухталифи идораи давлатӣ аҳамияти бештар касб намуда, ба соҳаи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир карда мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши матбуот дар ҷомеаи муосир баҳои арзанда дода, таъкид доштанд: “Манфиатҳои миллӣ тақозо менамояд, ки воситаҳои ахбори омма на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бояд бошад, балки дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари давлат хизмат кунанд, ба хабару мақолаҳои таҳрифӣ ҷавобҳои сазовор дода, ба суботи ҷомеа мусоидат намоянд ва эътимоди мардумро ба фардои нек мустаҳкам созанд”.
Агар ба таърихи Рӯзи матбуот назар афканем маълум мегардад, ки Рӯзи матбуоти тоҷик ба нашри нахустини рӯзномаи “Бухорои Шариф”, ки 11-марти соли 1912 интишор шудааст, алоқамандии мустақим дорад.
Аз ин рӯ, ба ифтихори нахустин нашрияи тоҷикӣ бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 3-юми ноябри соли 1995 санаи 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик муқаррар гардида, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” таҷлили он ҳамасола дар кишвар роҳандозӣ карда мешавад.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон матбуоти тоҷик рушду нумӯъ ёфта, инъикоскунандаи розу ниёзи мардум гардидааст. Мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва “Дар бораи иттилоот” барои кормандони васоити ахбори умум фазои озоди иттилоотӣ таъмин буда, расонаҳои хабарӣ метавонанд раванди ҳаёти ҷомеаро воқеъбинона инъикос намоянд.
Дар ин санадҳои ҳуқуқӣ мақсаду мароми матбуоти даврӣ муайян гардида, муносибати воситаҳои ахбори омма бо шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои кормандони воситаҳои ахбори умум возеҳу равшан нишон дода шудаанд.
Диққату эътибори пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба расонаҳои хабарӣ боз аз он ҷиҳат ҳис карда мешавад, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз 4-уми марти соли 2005 дар ҳар семоҳа як маротиба ва аз моҳи сентябри соли 2011 ҳамасола ду маротиба роҳбарияти вазорату идораҳо ва мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори умум нишасти матбуотӣ доир намуда, дар бораи фаъолияташон ҳисобот медиҳанд.
Дар ноҳия низ ҳамасола дар ҷамъбасти нимсола ва солонаи натиҷаҳои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт нишасти матбуотии Раиси ноҳия бо рӯзноманигорон мунтазам доир мегардад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми феврали соли 2009, таҳти рақами 622 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” бошад ҳисси масъулияти масъулинро ба баромадҳои танқидӣ ва таҳлилӣ боз ҳам баланд бардошта истодааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар симои Шумоён ёрдамчиёни боэътимод ва маслиҳатчиёни беғаризи худро мебинад. Пайваста оид ба фаъолияти рӯзноманигорон ва рушди соҳа эътибор зоҳир менамояд.
Бо қаноатмандӣ бояд қайд намуд, ки рӯзномаҳои ноҳиявӣ “Набзи Деваштич” ва “Пайғом” дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии ноҳия фаъолона ширкат дошта, торафт дар байни мардум маҳбубиятро касб менамояд.
Вазъи пуртазоди ҷаҳони муосир тақоо дорад, ки қатъи назар аз самти фаъолият ҳар яки мо ба хотири таҳкими Истиқлолият, амнияту субот, пойдории давлату ҷомеа масъулияти бештар дошта, манфиати миллӣ ва давлатиро аз дигар манфиатҳо боло гузорем. Пеши роҳи амалҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ- экстремистиро бигирем. Дар ин раванд матбуот қувваи бузург буда, қодир аст пеши роҳи сар задани ҳама гуна падидаҳои номатлубро гирад, барои боло бурдани эътибори ватани азизамон бо қалами тезӣ худ сайю талош намоянд.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар рӯзноманигорон, қаламкашон ва алоқамандони соҳаи матбуотро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, барояшон қалами тезу бурро, сухани созанда ва комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ таманно менамоям.
Рӯзи матбуоти тоҷик муборак бошад!
Шарҳ нест