ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШИТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БАХШИДА БА РЎЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

04.11.2025

print

  Ҳамдиёрони азиз!

 Фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишварамонро таъмин намуда, кафили баробарҳуқуқии шахс, озодӣ, дӯстии тамоми халқу миллатҳо мебошад, ба кулли сокинони шарафманди ноҳия табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон хотири ҷамъ, саломатии комил, хонаободӣ ва дастоварду комёбиҳои бепоён таманно менамоям.

Ин санади муҳими тақдирсози миллат 6-уми ноябри соли 1994  дар марҳилаи душвор ва барои миллат тақдирсоз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, имконият фароҳам овард, ки дар ҷумҳурӣ сулҳу субот барқарор шуда, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ҳукмрон ва барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт  ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.

Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад ва он барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид.

Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ яке аз Конститутсияи беҳтарину мардумтарини давлатҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардидааст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохти давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба таври равшан нишон дода шудааст.

Аз ин лиҳоз, ҳамасола ҷашн гирифтани ин санаи муҳим эҳтирому арҷгузорӣ ба қонуни асосию сарнавиштсози давлат мебошад, ки барои рушду инкишофи кишвари маҳбубамон заминаи қавӣ гузошт.

Маҳз ба шарофати Конститутсия имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ­- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: “Дар кишвари мо маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии давлат  шароити мусоид муҳайё гардид”.                   

Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифодаи  ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навини тоҷикон  омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми  муносибатҳои  сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши намоён бозид.

Хулоса, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун хуҷҷати сарнавиштсоз барои бунёди  давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид.

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯз дар фазои сулҳу осоиш, тинҷию амонӣ умр  ба сар мебарем ва дар рушду нумуи кишварамон саҳм мегузорем.               

Итминони  комил  дорам,  ки  ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати   Ҷумҳурии  Тоҷикистон мардуми сарбаланди ноҳияи Деваштич бо кӯшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободонии Ватани азизамон ва барои вусъат бахшидани корҳои    ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор гардида, барои зиндагии шоистаи мардум дар ҳамбастагӣ тамоми неруи худро равона менамоем.

Бори дигар ҳамаи Шумо-ҳамдиёрони азизро ба ифтихори солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки сароғози давлату давлатдории навини мо ва номаи бахти миллатамон мебошад, самимона табрик намуда, бароятон дар кори ободониву шукуфоии Ватани маҳбубамон пешрафту пирӯзиҳо ва ба ҳар хонадон хушбахтӣ, осудаҳолӣ ва дастархони пурфайзу баракат орзумандам.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

 

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code