Паёми табрикии Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Омӯзгорони муҳтарам! Маълум аст, ки шараф ва масъулияти касбии Шумо дар мароми пешрафту бунёдкорию созандагиҳои бо ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта беш аз пеш боло меравад. Зеро шумо ташаккулдиҳандагони қобилияти зеҳнию ақлонии насли наврас мебошед.
Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ тамоми аҳли меҳнати соҳаи маорифро ҳидоят намудаанд, ки баробари ба афзалияти авввлиндараҷа додани давлат ба соҳаи маориф ва афзун гардидани ғамхориҳо ба аҳли соҳа сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону xҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии оҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиrқ ва риёзӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.
Сол аз сол беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф бо таълиму тарбия фарогирии тамоми кӯдакону наврасони синну соли мактабӣ, вусъат ёфтани бунёди сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ натиҷаи ғамхориҳои ӯeзафзуни давлату ҳукумат нисбат ба мактабу маориф аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ баҳри амалӣ гардондани сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба такмили пояҳои моддию техникии муасссисаҳои соҳа, бо илму дониш ва касбу кор фаро гирифта шудани наврасону ҷавонон имкониятҳои мавҷударо истифода мебаранд. Аз ҷумла, дар арафаи соли нави хониши 2020-2021 низ чандин бинои нави мактабҳо, синфхонаҳо, майдону толори варӣ ба истифода дода шудаанд.
Сохтмони иншоотҳои таълимӣ вусъат дорад. Бештарин иншоотҳои таълимии бунёдшудаистода ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қомат рост мекунад. Дар умум сохтмони биноҳои нави таълимӣ ва иловагӣ дар назди 14 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2015 нафар хонанда идома дорад. Боиси қайд аст, ки анъанаи мардумии ба тариқи ҳашар ва маблағгузорӣ бунёд намудани иншоотҳои таълимӣ низ идома меёбад.
Омӯзгор дар ҷамъият мавқеи хосаро доро буда, тақдири насли ояндасоз ба кору фаъолияти ӯ вобастагии мустақим дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар назди маорифчиёни ноҳия вазифа мегузорад, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро баланд бардошта ба боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон, беҳтару қавитар омӯзонидани илму донишҳои замонаӣb ноил гарданд.
Бо муносибати иди касбӣ – Рӯзи омӯзгорон тамоми аҳли меҳнати маорифу мактабҳои ноҳияро табрик намуда ба Шумоён дар ҷодаи бошарафи таълиму тарбияи насли наврас комёбиҳо орзумандам.
Шарҳ нест