ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МОЛИЯ

06.12.2025
print
Муҳтарам кормандони мақомоти молия!
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 7-уми декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад. Ба ифтихори ин санаи фархунда кулли кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, собиқадорони соҳа ва алоқамандони мақомоти молияро бо иди касбиашон табрику муборакбод мегӯям ва ба ҳамагон тансиҳативу хотирҷамъӣ, дастовардҳои беназири меҳнатиро орзу менамоям.
Боиси қайд аст, ки кормандони мақомоти молияи нохия вазифаи хизматиашонро бо сарбаландӣ ба иҷро расонда, дар пешрафти хоҷагии халқ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон саҳми назаррас мегузоранд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида пешбурди сиёсати молиявӣ ва ҷалби захираҳои истифоданашуда имконият фароҳам овард, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумӣ ва маҳаллии нохия дар соли равон пурраву барзиёд таъмин гардида, корҳои ободониву созандагӣ дар нохия вусъати тоза пайдо намоянд.
Боиси таъкид аст, ки вазифаҳои асосии кормандони мақомоти молия, пеш аз ҳама таҳким бахшидан ба ҷараёни татбиқи сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷрои он, назорати қотеъонаи истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва маблағгузории саривақтии тадбирҳое мебошад, ки аз буҷети давлатӣ пардохт мешаванд.
Аз ин лиҳоз, кормандони мақомоти молияро зарур аст, ки тибқи принсипҳои банақшагирии стратегӣ ва низоми байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ минбаъд низ доир ба масъалаҳои интизоми молиявӣ, тақсимоти самараноки захираҳо, шаффофияту тобеият ва таҳияи босифати буҷети давлатӣ, инчунин рақамикунонии соҳа чораҳои амалӣ андешанд.
Бори дигар, кулли кормандони мақомоти молия ва собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти молия шодбош гуфта, ба ҳамагон сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти хизматӣ барору комёбиҳо таманно дорам.
Иди касбӣ муборак, кормандони мақомоти молия!

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code