Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо бо фарорасии ҷашни Наврўзи байналмилал самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ, баракату фаровонӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу менамоям.
Мо ифтихор аз он мекунем, ки аз баракати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузурги аҷдодиамон – Наврӯз бо тамоми расму суннатҳои деринаи худ эҳё шуда, дар саросари мамлакат таҷлил мегардад.
Ҷашни Наврӯзи имсола низ ба худ шукӯҳу шаҳомати хосаро доро буда, дар соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки омили муттаҳидкунандаи халқи кишвари азизамон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардум ва болоравии эътибору обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мегардад, таҷлил гардида истодааст.
Ба хотири эҳёи унсурҳои наврӯзии хоси ҳар як минтақаҳои Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли чанд сол аст, ки таҷлили Наврӯз дар деҳаю маҳаллаҳои ҷудогона ҷашн гирифта мешавад, то ки суннат ва оинҳои қадимаи ҳамаи ҳавзаю минтақа дубора эҳё карда шавад.
Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо ба хонадони ҳар як сокини кишвари азизамон бо қадамҳои сабзу баҳоронаи худ, ба меҳмонӣ омадааст, дар ҳақиқат дар байни расму оинҳо куҳантарин ва азизтарин суннатҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Ин ҷашни муборак, ки аз ҷониби аҷдодони мо асос гузошта шудааст, дар масири таърих на танҳо ба мардум, балки ба бисёр халқҳои олам пайки шодиву сурур, бахту саодат, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кор ва зиндашавии табиатро мерасонад.
Дар сиёсати фарҳангии Сарвари давлат Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона маҳсуб меёбад. Наврӯз бо фарорасии баҳор кулбаву кошонаи моро нуру зиё бахшида, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Инчунин Наврӯз аз овони пайдоиши худ чун ощози корҳои хайр, бахшишу футувват, аёдати пирону бепарасторон шинохта шудааст ва бо эътиқод метавон гуфт, ки ин анъанаҳои неки идона дар рӯзгори мо тобиши тозаро касб намуда, моро ба идомати беҳтарин оинҳои гузаштагонамон водор менамояд.
Бояд иброз намуд, ки дар солҳои истиқлоли давлатӣ Наврӯз мазмуну моҳияти нав кашф намуда, ҳар сол бо худ муҷда ва тозакориҳои нав меорад.
Мардуми сарбаланд ва саодатманди ноҳияи Деваштич чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Пешвои муаззами миллат иди миллӣ ва аҷдодии мо — Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи равобити дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша, ки паёмовари сулҳу дустӣ шуморида мешавад, бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Бедории табиат ва хусусан суннатҳои писандидаи ҷашни Наврӯз тақозо менамояд, ки дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода карда, барои киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умед, ки файзу неъмати хони наврӯзии мо мебошад, камари ҳиммат бандем.
Рӯёнидани ҳосили фаровон, истифодаи оқилонаи обу замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ, аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр анҷом диҳем.
Ба ифтихори ин ҷашни бостонӣ то имрӯз дар ноҳия корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки дар он саҳми сокинон басо назаррас мебошад. Воқеан, яке аз рамзҳои наврӯзӣ тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинонидани ниҳолу коштани донаи умед мебошад.
Изҳори боварӣ карда мешавад, ки меҳнаткашони ноҳия аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳнати софдилона саҳмгузор мешаванд.
Бори дигар кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ба ҳар як хонадон саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори кор мехоҳам.
Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бошад, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ нест