ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

08.03.2025
print

 Модарони меҳрубон, бонувони муҳтарам ва хоҳарони азиз!

 Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи Модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони ноҳия, бахусус модарону бонувон ва духтарони диёри маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломативу хушбахтӣ, хонаободиву сарбаландӣ ва рӯзгори ободро таманно менамоям.

Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Зан-Модар баён намудаанд: «Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогӯи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастед».

Дар  сатҳи баланд бо тантанаву  шукӯҳи хосса ҷашн  гирифтани Рӯзи модар  ин нишонаи  эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати  мамлакат нисбат ба модарону занон  мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

 Имруз нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Аз ин рӯ, имрузҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Воқеан ҳам, Шумо модарону хоҳарон тараннумгари зебоӣ, нигорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳед ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоед.

Зан-Модар дар ҳама давру замон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ ба хусус ба духтарони худ одобу ахлоқи хамида, муносибати самимӣ, тарзи рафтору гуфтор, маданияти либоспӯшӣ, меҳмондориву рузгордориро талқин мекард ва имрӯз низ ин рисолатро бояд ба хубӣ анҷом дод.

Мехоҳам бо ифтихор изҳор  намоям, ки модарону занон ва бонувони ноҳияи Деваштич бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд.

Зикр бояд намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати баландбардории мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занону духтарон ба мақомҳои роҳбарикунанда, таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ ва амсоли инҳо тадбирҳои  шоиста   роҳандозӣ  гардида истодааст.

   Ин иқдомҳои наҷиб ва шоиста бори дигар кулли бонувон, модарони азизро дар самти иҷрои рисолати пуршарафи тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳисси хештаншиносиву худогоҳӣ ва таҳкими сулҳу суботи комили ҷомеа, пойдории оилаҳо ва саҳмгузорӣ дар рушди босуботи кишвар рӯҳбаланд мегардонад.  

Боварии комил дорам, ки занону модарони арҷманд  рисолати ҳамешагии хеш-тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол мерасонанд, то онҳо тавонанд парчами кишварамонро ба сӯи уфуқҳои оянда дурахшон парафшон намоянд.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо модарону хоҳарони мушфиқу арҷмандро ба ифтихори Рӯзи модар сидқан муборакбод намуда, ба хонандагони ҳар яки Шумо нуру сафо, ваҳдату ҳамдилӣ, хайру саховат ва пирӯзиву баракати зиндагониро таманно дорам.

  Рӯзи модар муборак модарон, хоҳарон ва бонувони арҷманд!

 

 

 

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code